Олмониҳо дар Афғонистон мондагор шуданд
(last modified Fri, 26 Mar 2021 13:16:14 GMT )
Март 26, 2021 18:16 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси Олмон маъмурияти низомиёнаш дар Афғонистонро то оғози соли 2022 мелодӣ тамдид кард
    Маҷлиси Олмон маъмурияти низомиёнаш дар Афғонистонро то оғози соли 2022 мелодӣ тамдид кард

Маҷлиси Олмон маъмурияти низомиёни ин кишвар дар Афғонистонро то оғози соли 2022 мелодӣ тамдид кард.

Ба гузориши ИРНА, хабаргузории “Уфуқ Нюс”-и Афғонистон рӯзи ҷумъа ба нақл аз манобеи хориҷӣ эълом кард, ки маҷлиси Олмон тарҳи тозаеро тасвиб кардааст, ки ба артиши ин кишвар иҷоза медиҳад 1300 сарбози худро ба унвони бахше аз маъмурияти НАТО то 31 июни 2022 (тир) дар Афғонистон нигаҳ дорад.

Давлати Олмон ҳушдор додааст, ки хуруҷи шитобзадаи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон метавонад раванди сулҳ дар ин кишварро бо шикаст мувоҷеҳ кунад.

Бар асоси тавофуқномаи Доҳаи Қатар байни Толибон ва Амрико, қарор аст дар аввали моҳи май (миёнаҳои урдибиҳишт) тамоми нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд, аммо раиси ҷумҳурии Амрико батозагӣ гуфтааст, ки аз нигоҳи фаннӣ хориҷ кардани тамоми нерӯҳои амрикоӣ то ин муддат номумкин аст.

 

Бештар бихонед: