Таҳлил: Ифшои ҷиноятҳои Инглис дар Афғонистон + Назари коршиносон
(last modified Sun, 08 Jan 2023 13:36:05 GMT )
Январ 08, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи  Ҳари, ки мардуми Афғонистон ҳамчунон таҳти фишорҳои иқтисодии  Инглис ва Амрико қарор доранд
    Эътирофи  Ҳари, ки мардуми Афғонистон ҳамчунон таҳти фишорҳои иқтисодии  Инглис ва Амрико қарор доранд

Шоҳзода Ҳари узви хонадони салтанатии Инглис ба кӯштани 25 нафар дар Афғонистон дар тули ҷанг дар ин кишвар изъон ва эътироф кардааст.

Ҳари  писари кучаки Чорлези саввум, шоҳи кунунии Инглис, чанде аст аз ҳалқаи салтанат хориҷ шудааст. Нашрияи инглисии Телегроф бо интишори ин хабар навишт: Ҳарии 38 сола дар китоби худ бо унвони  « Spare » ки қарор аст ҳафтаи оянда мунташир шавад, оварда, ки дар ҷараёни дуввумин даври ҳузӯри худ дар ҷанги Афғонистон, ҳадди ақал 25 нафарро ба қатл расондааст. Ҳари дар бораи байни солҳои 2007 то 2008 мелодӣ ба унвони нерӯи замини ва пас аз он дар солҳои  2012 то 2013 ба унвони халабон дар болгардҳои таҳочумии Опортчӣ дар ҷанги Афғонистон ширкат карда буд.

Агарчӣ ба далели инҳисори будани бахше ахбори бисёре аз ҷиноёти нерӯҳои амрикоӣ ва инглисӣ дар Афғонистон пинҳон  мондааст аммо гузоришҳое, ки манобеъи мустақил мунташир карданд, нишон медод, ки нерӯҳои инглисӣ дар рақобатҳо бо ҳам барои кӯштори мардуми Афғонистон ангуштони аҷсодро қатъ мекарданд то омори куштаҳоро дошта бошанд. Ҳусайни Мазорӣ коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон дар ин бора мегуяд:

Барои Амрико ва Инглис ҷони мардуми Афғонистон ҳеҷ арзише надорад ва дар муддати ду даҳҳаи ҳузӯри низоми дар Афғонистон барои иқдом ба куштани мардуми ин кишвар мекарданд. Дар воқеъ мардуми Афғонистон сибилҳое барои тамрини низомиёни Инглис буданд, ки ҳанӯз умқи фоҷеаӣ инсонии онҳо комилан дар Афғонистон мушахас нест.

Эътирофи  Ҳари, ки мардуми Афғонистон ҳамчунон таҳти фишорҳои иқтисоди  Инглис ва Амрико қарор доранд, дар воқеъ изъон  ва эътироф ба рафтори истеъмории давлати Инглис аст, ки дар ҳамаи манотиқе, ки ҳузӯри низоми дорад, нерӯҳояш бо ҳадафи саргарми даст ба ҷиноятҳои ҳулнок мезананд, ки  намунаҳои бештар низ дар замони ҳузӯри Инглис дар шибҳи  қораи Ҳинд муртакиб шудаанд. Бинобарин, Ҳари, ки ду бор дар ҷанги Афғонистон ҳузӯр ёфта ва  воқеаън болотарин шахсияти Инглис ҳаст, ки муртакиби чунин чинояти ҳулнок дар Афғонистон шудааст. Бинобарин сутуҳои поёнтари низомии инглисҳо дар Афғонистон   қатъан ҷиноёти бештареро муртакиб шудаанд. Ин ҷиноёт бо  вокунишҳои мухталиф дар Афғонистон ҳамроҳ буд ба гунае, ки афғонҳо дар Твиттер навиштанд: Воқеъият ин аст, кимардуми бегӯноҳи мо дар  чашми низомиён ва раҳбарони сиёсии шумо муҳраи шатранҷ буданд аммо бо ин вуҷӯд шумо бозиро бохтед. Шаҳрвандони афғонистон дар Твиттерҳои худ таъкид карданд: Ин ҷиноёт маҳдуд ба шоҳзода Ҳари нест балки ҳамаи ишғолгарон дар тули таърих муртакиби ҷиноёти мушобеҳе шуданд ва афғонҳо хотираи ин ҷиноётро фаромуш нахонад кард. "Суруш Амирӣ "коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд:

Бо мутолеъаи таърих дар кишварҳое, ки Инглис ҳузӯри истеъморӣ доштааст ба фаровони метавон ҷиноёти нерӯҳои ин кишварро мушоҳида кард. Бо ин тафовут, ки то кунун ҳеҷ марҷаъи байналмиллалии ҳуқуқи ба ин ҷиноёт расидагӣ накардааст ва низомиёни Инглис дар ҳар сатҳе  густохона ба ҷиноёташон дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Афғонистон идома додаанд.

Дар ҳар ҳол аз дидгоҳи маҳофили низомӣ ва салтанатии Инглис кӯштани инсонҳо ва даст задан ба ҷинояд ба қадре содда аст, ки акнун дар сатҳи хонаводаи салтанати бидуни  шарм ва ҳайё ба ҷинояташон дар Афғонистон иқрор мекунанд ба гунае, ки арзиши инсонҳо ва ҷону молашон аз қорае ба қораи дигар ба унвони шаҳрвандони дараҷаи ду са се фарқ дорад ва онҳо иҷоза доранд даст ба ҳар ҷинояте бизананд. Бинобарин танҳо замоне метавон монеъ аз идомаи ингӯна ҷиноёт шуд, ки ба ҷинояти ҷанги шинохта шаванд ва маҷомеъи байналмиллалии ҳуқуқ ба онҳо расидаги кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки маҷомеъи ҷаҳонӣ дар баробари ҷиноёти нерӯҳои Инглис ва Амрико  дар Афғонистон ҳамчунон сукут мекунанд, ба ҳамин далел мардуми Афғонистон Созмони Миллалро ба иодаи ҳуқуқашон  талабиданд.

Бештар бихонед: