Январ 07, 2023 15:11 Asia/Dushanbe
  • Ифшои иқдоми маргбори Амрико алайҳи ғайринизомиён дар Афғонистон

Рӯзномаи Нию-Йорк таймс дар гузорише навишт: Пентагон дар авҷи амалиёти хурӯҷи неруҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон, ҳамлаи маргборе алайҳи ғайринизомиён сурат дода ва бо иттилооти гумроҳкунанда саъй дар пинҳон кардани он доштааст.

Рӯзномаи Нию-Йорк таймс дар мавриди ҳамлаи маргбори ҳудуди яку ним соли пеш дар Афғонистон, ки дар он 10 тан аз ҷумла 7 кудак кушта шуданд, гузориш дод : Амрико дар яке аз охирин иқдомоти ҷанги 20 сола дар Афғонистон дар таърихи 29 августи 2021,як мӯшак ба самти як худрав дар Кобул шиллик кард .
Нию-Йорк таймс ба нақл аз хонаводаи Зуморайи Аҳмадӣ-ронандаи он навишт : Ин худрав дар ҳавлии як хона парк шуда буд ва инфиҷори бархоста аз шиллеки мӯшак ба кушта шудани 10 тан аз ҷумла Аҳмадии 43 сола ва 7 кудак мунҷар шуд .
Вазорати дифои Амрико муддаӣ аст, ки Аҳмадӣ омили ДИИШ буд ва бо худрави анбошта аз маводи тарканда таҳдиди қарибулвуқуъ барои неруҳои амрикоии муҳофизи фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба ҳисоб меомад .
Ин дар ҳоле аст, ки Аҳмадӣ як имдодгари бособиқа буда, ки ба гуфтаи ҳамкорон ва аъзои хонаводааш соъоти қабл аз маргашро дар ҳоли анҷоми вазоиф будаву рӯзи худро бо парк кардани худрави худ дар канори манзилаш ба поён расонда буд.
Рӯзномаи Нию-Йорк таймс фош кард, ки вай дар ҳоли расондани қуттиҳои оби ошомиданӣ ба дасти хонаводааш буд .
Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида, ки мушаххасан масъули ин фоҷеъа буд, тақрибан 10 рӯз баъд таҳқиқоти худро комил кард, аммо ҳаргиз онро ба сурати ошкор мунташир накард.16 моҳи баъд пас аз тарҳи шикояти алайҳи фармондеҳии марказии тибқи қонуни озодии иттилоот,Нию-Йорк таймс ба 66 сафҳа гузориши виройишшудаи ин куштор даст пайдо кард .

 

Барчасп