Вебсайти сервиси дохилии Инглис ҳак шуд
(last modified Sat, 01 Oct 2022 09:03:10 GMT )
Октябр 01, 2022 14:03 Asia/Dushanbe
  • Ин расона ишорае ба номи гурӯҳе ба унвони масъули ин ҳамла накардааст
    Ин расона ишорае ба номи гурӯҳе ба унвони масъули ин ҳамла накардааст

Вебсайти Созмони иттилоотии дохилии Инглис, MI5 дар пайи ҳамлаи маҷози аз дастрас хориҷ шуд.

Ба гузоримши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, расонаи давлатии Инглис, BBC гузориш дод, ки вебсайти   MI5  дар пайи вуқуи як ҳамлаи маҳрумсози аз сервиси (DDoS) барои муддати кӯтоҳе аз дастрас хориҷ шудааст.

Ин расона ишорае ба номи гурӯҳе ба унвони масъули ин ҳамла накарда ва мушахас нест, ки оё омилони ҳамла шиносоӣ шудаанд ё хайр.

Ин нахустинбор нест, ки зерсохтҳои амниятии Инглис ҳадафи ҳамалоти  сойбери қарор гирфтаанд. Дар соли 2009, гурӯҳе бо номи Тим-Олойт бо нуфӯз ба вепсайти MI5  тавонист ба иттилооте аз ҳувияти боздид кунандагон аз ин сайт пайдот кунад.

Вебсайти сервиси ҷосусии дохилии Инглис соли 2012 ҳам дар натиҷаи наҳваи рафтори давлати Инглис бо  Ҷулиян Осонж муасиси вебсайти ифшогари Фики Ликс мавриди ҳамла қарор гирфт ва ҳак шуд.

 Рӯзномаи Эндипендент нуфӯз ба вебсайти MI5 -ро ба ҳакерҳои тарафдори Русия нисбат дода ва навиште гурӯҳе ба номи  «Anonymus Russia»  омили он будааст.

Эндипендент  ба нақл аз як манбаъ дар сервиси ҷосусии дохили Инглис иддао карда, ки ин ҳамла асаре бар фаъолиятҳои ин Созмон надошта ва ҳакерҳо ба ҳеҷ иттилооти муҳиме дастраси пайдо накардаанд.