Фейсбук саҳифаи "Порстудей"-ро барои ҳамеша масдуд кард
(last modified Sat, 27 Mar 2021 04:12:58 GMT )
Март 27, 2021 09:12 Asia/Dushanbe
  • Саҳифаи хабарии Пресс ТВ зиёда аз 4 миллион аъзо дошт
    Саҳифаи хабарии Пресс ТВ зиёда аз 4 миллион аъзо дошт

Шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" бо иддаои вайрон кардани меъёрҳои ин шабака тавассути "Пресс ТВ", сафҳаи ин шабакаи хабариро бо беш аз 4 миллион узв, ба сурати доимӣ бастааст.

 Ба гузориши хабаргузории Форс, шабакаи амрикоии " Фейсбук" рӯзи ҷумъа бидуни ҳечгуна ҳушдори қаблӣ,, сафҳаи " Пресс ТВ"-ро баст ва муддаӣ шуд, ин шабакаи хабарии англисизабон аз меъёрҳои ин шабакаи иҷтимоӣ пайравӣ накардааст. 

Ин шабакаи иҷтимоӣ дар паёми худ ҳечгуна ишора ба меъёрҳое, ки муддаӣ шуда "Пресс  ТВ" онҳоро нодида гирифта, накардааст. 

 Дар ҳоле, ки Фесбук муддаии ҳимоят аз озодии баён аст пештар низ чанд бор сафҳаи "Пресс ТВ "-ро ба сурати муваққат масдуд карда буд. 

  Ютуб ва дигар сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоии амрикоӣ ҳам аз ҷумлаи Твиттер, ки муддаии озодии баён ҳастанд токунун дар ростоии ҳимоят аз террористҳо ва режими саҳюнистӣ, ҳазорон ҳисоби корбарӣ, сафҳа ва гурӯҳи муртабит бо Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳазф кардаанд. 

 Ахиран гузоришҳое дар мавриди ҳамкории ин сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо созмонҳои иттилоотии Амрико ва режими саҳюнистӣ мунташир шудааст. 

Шабакаи " Пресс ТВ " ба унвони нахустин шабакаи англисии забони созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шиори « хабар аз нигоҳи дигар » аз дувуми июли соли 2007 кори худро оғоз кардааст. 

Шабакаи " Пресс ТВ" токунун бо ироаи ахбори саҳеҳ, барномаҳои мустанад ва мизи мудаввари, муваффақ шудааст мухотабони зиёдеро дар ҷаҳон ба худ ҷалб кунад.

 

Бештар бихонед: