“Франческа, дӯстат дорем”: Вокуниши корбарони “Х” ба таҳрими Албанезе
-
Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолӣ
Порс-Тудей. Иқдоми Амрико дар таҳрими Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, вокуниши корбарони шабакаи иҷтимоии “Х”-ро ба ҳамроҳ дошт.
Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, гузорише аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза мунташир кард, ки таъйид мекунад наслкушӣ дар Ғазза на як трагедияи тасодуфӣ, балки як манбаи иқтисодӣ барои касоне аст, ки бо хуни фаластиниён тиҷорати судманде ба роҳ андохтаанд. Дар вокуниш ба ин иқдом, Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки Албанезеро ба далели он чӣ «талошҳои ғайриқонунӣ ба хотири таҳқиқоташ дар мавриди ҷанги Исроил алайҳи Ғазза» ва «иқдом алайҳи мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ» хонда шудааст, таҳрим хоҳад кард.
Ин иқдоми Амрико вокуниши корбарони шабакаи иҷтимоии “Х”-ро ба ҳамроҳ дошт, ки дар ин матлаб аз Порс-Тудей нигоҳе ба он андохта шудааст.
Ҷоизаи сулҳи Нобел
Корбаре ба номи Laurent Joyeux аз эҳдои ҷоизаи сулҳи Нобел ба Франческа Албанезе ҳимоят карду навишт: “Ҷоизаи сулҳи Нобел бояд ба Франческа Албанезе дода шавад”.
https://x.com/JoyeuxLaurent2/status/1944478001191645547
Амрикои дурӯғгӯ
Корбари эронии шабакаи “Х” ба номи Муҳаммади Молӣ иқдоми Амрико дар таҳрими Албанезеро риёкорона тавсиф кард.
Ӯ навишт: “Амрико дар як рӯз номи гуруҳи «Ҳайати Таҳрири Шом»-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард. Ҳамон Ҷабҳаи Аннусраи шохаи Алқоида дар Сурия ва ҳамчунин таҳримҳоеро алайҳи Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари СММ дар сарзаминҳои ишғолии фаластинӣ эъмол кард. Ҳамин андоза риёкору дурӯғгӯ”.
https://x.com/mohammademali/status/1943312908668010561
Худдорӣ аз сукут
Ҳовард Беккет (Howard Beckett), корбари шабакаи иҷтимоии “Х” низ дар паёме иқдомоти Франческа Албанезеро дар ифшои наслкушии режими саҳюнистӣ таҳсин кард.
Ӯ навишт: “Иқдомоти Франческа Албанезе дар ифшои наслкушӣ дар Ғазза таҳсинбарангез аст. Ӯ аз сукут кардан дар баробари ҷиноёти саҳюнистҳо худдорӣ мекунад”.
https://x.com/BeckettUnite/status/1944073460222689642
Интиқод аз сукути муддаиёни дифоъ аз ҳуқуқи башар
Корбари дигари шабакаи иҷтимоии “Х” ба номи Дарио Каротенуто (Dario Carotenuto) аз сукути муддаиёни дифоъ аз ҳуқуқи башар дар баробари таҳрими Албанезе интиқод карду навишт:
“Дар ҳоле ки дурӯғҳои ҷиддӣ алайҳи мудофеони ҳуқуқи башар дар телевизион пахш мешавад, ҳеҷ кас мавзеъ намегирад ва мудохила намекунад. Франческа Албанезе сирфан ба далели гуфтани ҳақиқат мавриди ҳамлаи расонаҳо қарор гирифтаву тавассути Иёлоти Муттаҳида таҳрим шудааст. Аммо мо сокит наменишинем. Ман дар новгони озодӣ дар масири Ғазза ҳастам, садои касоне ки наслкуширо маҳкум мекунанд, хомӯш нахоҳад шуд. Мо ҳамеша тарафи адолат, сулҳу ҳақиқат ҳастем”.
https://x.com/Dario5S/status/1944390024352481551
Дурахшонтарин инсони замони мо
Корбаре бо номи GEORGE ISAAC SIMAN аз шахсияти Албанезе тамҷид карду навишт: “Франческа Албанезе яке аз дурахшонтарину инсондӯсттарин инсонҳои замони мо аст”.
https://x.com/simangeo/status/1944066824607342925
Шармовар
Ҳамида Боғистонӣ, бонӯи эронӣ дар шабакаи “Х” ҳам иқдоми Амрикоро шармовару ғайриқонунӣ унвон кард ва навишт: “Амрико ба таври шармовару ғайриқонунӣ гузоришгари вижаи Созмони Милал - Франческа Албанезеро ба хотири кори усулӣ, шуҷоонаву муассираш дар ҳимоят аз мазлумони Ғазза таҳрим кардааст. Бедории гузоришгарони ниҳодҳои байналмилалӣ сабаби бедории башарият аст. Ҳомии ин бонӯи шуҷоъ бошем.
https://x.com/hbaghestany/status/1943442010611859515
Амрико шарики режими саҳюнистӣ
Гимморисо (Gimmoriso), фаъоли иҷтимоӣ ва корбари “Х” ҳам дар паёме таҳрими Албанезеро нишондиҳандаи ҳамдастии Амрико дар ҷиноёти режими саҳюнистӣ донисту навишт:
“Франческа Албанезаро ба хотири маҳкум кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ, ки рӯзона тавассути ҷинояткортарин давлати таърих анҷом мешавад, таҳрим карданд. Онҳо ба ҷои мунзавӣ кардани Албанезе, бояд ин нозиҳоро таҳрим мекарданд. Амрико ҳаюлои касиф аст, ки дар як ҷинояти нобаҷо саҳим аст”.
https://x.com/fawollo13/status/1944358526589043027
Садои ҳақиқат хомӯш намешавад
Медеа Бенҷамин (Medea Benjamin), фаъоли ҳуқуқи башарӣ ва корбари шабакаи иҷтимоии “Х” бо тамҷид аз амалкарди Албанезе бар хомӯш нашудани садои ҳақиқат таъкид кард. Ӯ навишт: “Франческа, мо дӯстат дорем. Ғазза дӯстат дорад. Ҳақиқатгӯёне мисли ту ҳаргиз сокит нахоҳанд шуд”.
https://x.com/medeabenjamin/status/1943068261844754849