Март 27, 2021 16:43 Asia/Dushanbe
  • Тирандозиҳо дар Амрико шиддат ёфтааст
    Тирандозиҳо дар Амрико шиддат ёфтааст

Дар ҷараёни тирандозӣ дар савоҳили иёлати Вирҷиния, воқеъ дар шарқи Амрико то кунун 2 нафар кушта ва ҳашт тани дигар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Паул Недигейт (Paul Neudigate), раиси полиси бахши соҳилии иёлати Вирҷиния эълом кард: дар ду ҳодисаи ҷудогонаи тирандозӣ то кунун 2 нафар куштаву ҳашт тани дигар низ маҷрӯҳ шуданд.

“Ассошейтед Пресс” афзуд: Дар ҷараёни ин тирандозиҳо шуморе боздошт шуданд ва таҳқиқот дар ин замина дар ҷараён аст, полис бисёре аз роҳҳои мунтаҳӣ ба саҳнаи тирандозиро масдуд кардааст.

“Ассошейтед Пресс” то лаҳзаи мухобираи ин хабар ба ҷузъиёти бештари вуқӯи 57 тирандозӣ тайи як шабонарӯз дар Амрико ишорае накард.

Дар ҳоле дар иёлати шарқии Амрико ин ҳодисаи тирандозӣ дар авохири шаби гузашта (ҷумъа) рух дод, ки мавҷе аз тирандозиҳои маргбор тайи рӯзҳои ахир Амрикоро фаро гирифтааст. Шаҳри Чикаго низ рӯзи гузашта саҳнаи тирандозӣ буд.

Дар ҷараёни тирандозии рӯзи гузашта дар Чикаго як нафар кушта ва ҳафт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Муассисаи пажӯҳишии «Смолл Армс» (Small Arms) - як муассисаи пажӯҳишӣ дар Женеваи Швейтсария бинобар таҳқиқоте, ки дар соли 2017 ба амал овард, нишон дод, ки барои ҳар 100 амрикоӣ ҳудуди 120 қабза силоҳи гарм вуҷуд дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп