Размоиши маҳрамонаи Амрико барои муқобила бо Чин ва Русия
Артиши Амрико дар назар дорад ба манзури муқобила бо ҳар гуна таҳдиди эҳтимолӣ аз сӯи Чину Русия, як размоиши бисёр маҳрамона баргузор кунад.
Рӯзи шанбе шабакаи Си Эн Эн ба нақл аз манобеи мутталеи дифоии Амрико, артиши ин кишвар қасд дорад тайи фасли тобистони пешорӯ як размоиши ҷангии комилан маҳрамонаро ба манзури муқобила бо ҳар гуна таҳдиди эҳтимолӣ аз сӯи Чину Русия баргузор кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки таҳаррукоти низомии Вашингтон дар ақсои нуқоти ҷаҳон ҳамчунон идома дорад.
Тибқи иддаои чанд тан аз мақомҳои дифоии Амрико, тамаркузи аслии ин размоиши маҳрамона наҳваи посух додан ба “иқдомоти таҷовузкорона ва ғайриқобили пешбинии Русия ва Чин” хоҳад буд.
Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст: Раҳбарии баргузории ин размоиш бар ӯҳдаи Марк Александр Миллей, раиси Ситоди муштараки Нерӯҳои мусаллаҳи Амрико буда ва Лойид Остин, вазири дифои ин кишвар аз наздик бар ин размоиш назорат хоҳад кард.