Русия: Амрико иқдомоти мутаноқиз бо БарҶомро лағв кунад
(last modified Wed, 31 Mar 2021 09:00:48 GMT )
Март 31, 2021 14:00 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико иқдомоти мутаноқис бо Барҷомро лағв кунад
    Русия: Амрико иқдомоти мутаноқис бо Барҷомро лағв кунад

Муовини намояндагии Русия дар Созмони Милал бо ибрози хушбинӣ ба ояндаи БарҶом ва Қатъномаи 2231 аз Амрико хост иқдомоти мутаноқиз бо БарҶомро лағв кунад.

Дмитрий Полянский ин суханонро рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарии моҳона дар посух ба саволи ИРНА дар бораи вокуниши Русия ба таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико ва нақзи Қатъномаи 2231 Шӯрои Амният изҳор дошт.

 Вай бо таъкид бар ин ки Амрико бо аъмоли муҷозотҳои фаросарзаминӣ бар кишварҳои мустақил, мутобиқ бо қавонини байналмилалӣ амал намекунад, тасреҳ кард: Амрико ҳарчӣ зудтар мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ҷаҳон тағйир кард ва ҷое дар дунё барои чунин абзор вуҷуд надорад.

Полянскиий бо ибрози хушбинӣ дар бораи Қатъномаи 2231 ва БарҶом, афзуд: Маскав аз мавозеи тарафҳо иттилоъ дорад ва фаромӯш намекунем чӣ касе аввал шуруъ кард, чӣ касе чӣ коре анҷом дод. 

Дмитрий Полянский бо ишора ба  ин ки Русия аз таҳаввули рухдода дар мавриди раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико истиқбол мекунад ибрози умедворӣ кард, ки ин мавзеъ, дар ояндаи наздик натоиҷи мушаххас ва амалӣ дошта бошад. 

Давлат раисҷумҳури ҷадиди Амрико Ҷо Байден, ки пештар ваъдаи бозгашт ба БарҶом ва лағви таҳримҳои ғайриқонунии Эронро матраҳ карда буд, дар рӯзҳои ахир эълом кардааст бозгашташ ба БарҶом марбут ба ин аст ки Ҷумҳурии Исломии Эрон гомҳоеро, ки дар вокуниш ба нақзи аҳди Амрико бардошта ба ақаб баргардонад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кардааст, ки бо тавваҷӯҳ ба он ки Вашингтон тарафе буда, ки тавофуқро нақз карда ва коҳиши тааҳҳудоти Теҳрон дар вокуниш ба иқдоми ғайриқонунии Амрико анҷом шуда ҳар гоме аз сӯи Теҳрон баъд аз рафъи таҳримҳо сурат хоҳад гирифт. 
  
  
  
  Бештар бихонед :