Апрел 03, 2021 13:35 Asia/Dushanbe

Муҳаққиқон дар ниҳоят тавонистанд дар раванди табдил ёфтани ҷанин дар бачадони сунъӣ тухми бордоршудаи (ҷанин) мушро ба воя расонанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ал-Олам; то ба ҳол инсон тавониста буд тухмаки пистондорони мухталифро борвар кунад, вале ин тухмаки  борваршуда баъд аз замони кӯтоҳе аз байн мерафт ва барои рушди он ниёз ба раҳми  табии модар буд. 

Ҳоло донишмандон бо назорати дамо ва фишору дигари шароити муассир тавонистанд тухмаки борваршударо дар як раҳми маснӯъӣ то марҳалаи ҷанин бирасонанд. 

Онҳо тухмакро 11 рӯз дар раҳми маснӯъӣ парвариш доданд.

Ин муваффақият ба он маъност, ки метавон раванди рушди ҷанинро дақиқтар баррасӣ кард ва ба далоили мухталифи сиқти ҷанин пай барад ва муҳимтар аз инҳо ба идеяи " рушди ҷанин бидуни ниёз ба модар" чанд қадам наздиктар шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп