Шумори қурбониёни корона дар Русия аз 100 ҳазор нафар гузашт
-
То кунун дар Маскав-пойтахти Русия 16 ҳазору 816 нафар бар асари корона ҷон супурдаанд
Тозатарин иттилооти расмии мунташиршуда дар бораи корона дар Русия нишон медиҳад омори маргу мир дар ин кишвар аз марзи сад ҳазор нафар гузаштааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ситоди муқобила бо корона дар Русия рӯзи шанбе охирин омори марбут ба бемории Ковид 19-ро дар ин кишвар эълом кард, ки бар асоси он дар шабонарӯзи ахир 384 бемор ҷони худро аз даст додаанд ва ба ин тартиб маҷмӯи омори марг бар асари ин беморӣ ба 100 ҳазору 17 нафар расидааст .
Дар шабонарӯзи ахир 9 ҳазору 21 нафар дар Русия ба Ковид 19 гирифтор шудаанд ва маҷмӯи афроде, ки аз оғози густариши вируси корона дар Русия ба ин беморӣ мубтало шудаанд аз марзи 4 миллиону 572 ҳазор нафар фаротар рафт, ки беш аз 4 миллиону 195 ҳазор нафар аз онон беҳбуд ёфтаанд .
То кунун дар Маскав-пойтахт 16 ҳазору 816 нафар бар асари корона ҷон супурдаанд .
Нимҷазираи Чукотка дар шимолу шарқи Русия камтарин омори коронаро гузориш карда ва дар шабонарӯзи ахир дар ин минтақаи Ховари дури Русия ҳеч гузорише аз мубтало шудани афрод ба Ковид 19 эълом нашудааст .
Бештар бихонед :