Баста шудани фурӯшгоҳи 100 сола дар Маскав + видео
Ҳамагирии вируси корона боиси баста шудани як фурӯшгоҳи маводи ғизоии 100 сола дар маркази Маскав - пойтахти Русия шуд.
Ба гузориши “Ройтерс”, фурӯшгоҳи "Елисеевский" бештар аз сад сол фаъол буд, аммо ба сабаби густариши вируси корона ва коҳиши чашмгири теъдоди гардишгарон таътил шуд.
Ин фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ кори худро дар аввалҳои қарни бистум шуруъ кард ва шӯҳраташ ба хотири сабки меъмории дохилии он ва ғизоҳову савғотиҳои гуногуни он буд.
Баъд аз ин ки эълом шуд ин фурӯшгоҳ дар моҳи апрел таътил мешавад, қафасаҳои он ки ҳамеша лабрез аз ғизоҳои гуногун ва суннатии русӣ буд, холӣ шуд ва чизе барои фурӯш дар ин фурӯшгоҳ арза намешавад.
Русия рутбаи панҷумро дар ҷадвали теъдоди мубталоён ба Ковиди 19 дар ҷаҳон дорад.
Бештар бихонед:
- Шумори қурбониёни корона дар Русия аз 100 ҳазор нафар гузашт
- Пешбинии вазири беҳдошти Русия аз корона дар Русия