Баста шудани фурӯшгоҳи 100 сола дар Маскав + видео
(last modified Wed, 07 Apr 2021 10:56:56 GMT )
Апрел 07, 2021 15:56 Asia/Dushanbe

Ҳамагирии вируси корона боиси баста шудани як фурӯшгоҳи маводи ғизоии 100 сола дар маркази Маскав - пойтахти Русия шуд.

Ба гузориши “Ройтерс”, фурӯшгоҳи "Елисеевский" бештар аз сад сол фаъол буд, аммо ба сабаби густариши вируси корона ва коҳиши чашмгири теъдоди гардишгарон таътил шуд.

Ин фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ кори худро дар аввалҳои қарни бистум шуруъ кард ва шӯҳраташ ба хотири сабки меъмории дохилии он ва ғизоҳову савғотиҳои гуногуни он буд.

Баъд аз ин ки эълом шуд ин фурӯшгоҳ дар моҳи апрел таътил мешавад, қафасаҳои он ки ҳамеша лабрез аз ғизоҳои гуногун ва суннатии русӣ буд, холӣ шуд ва чизе барои фурӯш дар ин фурӯшгоҳ арза намешавад.

Русия рутбаи панҷумро дар ҷадвали теъдоди мубталоён ба Ковиди 19 дар ҷаҳон дорад.

 

Бештар бихонед: