Эҷоди риштаи адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин   
(last modified Wed, 07 Apr 2021 14:15:52 GMT )
Апрел 07, 2021 19:15 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст аз соли оянда донишҷӯи забон ва адабиёти форсӣ дар ин донишгоҳ пазируфта шавад
    Қарор аст аз соли оянда донишҷӯи забон ва адабиёти форсӣ дар ин донишгоҳ пазируфта шавад

Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин аз соли таҳсилии оянда дар риштаи забон ва адабиёти форсӣ донишҷӯ мепазирад.

Ба гузориши ИРНА, Шиба Фанг, муовини факултаи Роҳи Абрешими Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Аббосалии Вафоӣ, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон ва намояндаи Бунёди “Саъдӣ” дар Чин гуфт: Ба дархости Эрон муҷаввизи тадриси риштаи забон ва адабиёти форсӣ дар ин донишгоҳ дарёфт шуда ва қарор аст аз соли оянда донишҷӯи забон ва адабиёти форсӣ дар ин донишгоҳ пазируфта шавад.

Аббосалии Вафоӣ ҳам дар ин дидор аз талоши Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин дар пайгирии тадриси риштаи забону адабиёти форсӣ қадрдонӣ кард ва гуфт: Теҳрон омодагӣ дорад манобеи лозимро барои омӯзиши забону адабиёти форсӣ дар ихтиёри ин донишгоҳ қарор диҳад.

 

Бештар бихонед: