Апрел 07, 2021 21:34 Asia/Dushanbe
  • Бразилия ин рӯзҳо ба маркази аслии ҳамагирии корона табдил шудааст
    Бразилия ин рӯзҳо ба маркази аслии ҳамагирии корона табдил шудааст

Бо афзоиши омори рӯзонаи маргумирҳои коронаӣ дар Бразилия ба беш аз 4 ҳазор нафар, коршиносони ҳавзаи беҳдошту дармони ин кишвар авзои Бразилияро ба “Фукушимаи биологӣ” ва як инфиҷори ҳастаӣ ташбеҳ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, коршиносони ҳавзаи беҳдошту дармони Бразилия бо ҳушдор дар бораи ин вазъияти хатарнок пешбинӣ мекунанд, ки шумори талафоти ин кишвари Амрикои Лотин ба зудӣ аз омори Амрико убур кунад.

Вазорати беҳдошти Бразилия дар гузорише эълом карда, ки маҷмӯи талафоти ин кишвар ба беш аз 337 ҳазор нафар расидааст.

Бразилия ин рӯзҳо ба маркази аслии ҳамагирии корона табдил шудааст.

Дар ҳоле ки коршиносони беҳдошти ҳамагонӣ пӯшидани моски сурат ва иҷрои карантинро беҳтарин роҳи коҳиши интиқол ва интишори вирус медонанд, аммо Ҷайр Болсонаро, раиси ҷумҳурии Бразилия ҳанӯз ҳам ба иҷборӣ кардани ин муқаррарот тан намедиҳад ва мақомҳои баландпояи Бразилия бо вуҷуди авҷгирии ахири ин ҳамагирӣ ҳанӯз таъкид мекунанд, ки авзоъ метавонад ба зудӣ ба ҳоли оддӣ бозгардад.

Болсонаро то кунун борҳо ин бемории вогирро “сармохурдагии кӯчак” тавсиф ва бо тадобири беҳдоштӣ, аз ҷумла карантин ва фосилагузории иҷтимоӣ мухолифат кардааст.

Бар асоси гузоришҳои расмии мунташиршуда, беш аз 13 миллион нафар дар Бразилия ба вируси корона мубтало шудаанд.

 

Бештар бихонед: