Чин : Ҳамаи таҳримҳои Амрико зидди Эрон бояд бекор шавад
Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Чин лағви фаврии ҳамаи таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эронро хостор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳуа Чуниёнг рӯзи ҷумъа дар паёмии тветтирӣ таъкид кард : « Амрико бояд бидуни қайду шарт ба барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак ( Барҷом ) бозгардад ва ҳамаи таҳримҳои зидди Эронро бекор кунад ва дар ин сурат Эрон низ мутақобилан пойбандӣ ба Барҷомро аз сар мегирад . »
Дар ҳамин ҳол Яанг Қун, намояндаи Чин дар ожонси байналмиллалии энержии атомӣ пас аз поёни нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена ба хабарнигорон гуфт : « Ҳамаи тарафҳо ихтилофоти худро коҳиш додаанд ва мо шоҳиди иттифоқи назари қадам ба қадам барои эҳёи Барҷом ҳастем . »
Даври дувуми нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом рӯзи ҷумъа дар Вена-пойтахти Австрия поён ёфт ва тавофуқ шуд, ки гуфтугуҳои тахассусӣ бо ҳадафи таҳияи феҳристи иқдомоти лозим барои рафъи таҳримҳо ва низ баҳси фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бо ҳадафи эҳёи Барҷом ё тавофуқи ҳастаӣ идома ёбад .
Лағви ҳамаи таҳримҳои Амрико зидди Эрон гоми зарурӣ дар масири эҳёи Барҷом аст ва Эрон пас аз он ки дар амал бекоршавии таҳримҳоро мушоҳида кард фаъолиятҳои ҳастаии ҷадиди худро мутаваққиф хоҳад кард.
Бештар бихонед :