Апрел 10, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Зарурати таҳияи гузоришии ҷомеъ аз таъсири таҳримҳои Амрико зидди миллати Эрон
    Зарурати таҳияи гузоришии ҷомеъ аз таъсири таҳримҳои Амрико зидди миллати Эрон

Таҳримҳои якҷониба ва ғайриқоннунӣ ба яке аз абзорҳои эъмоли фишор дар сиёсати хориҷии Амрико табдил шудааст.

 Бо шуюъи буҳрони корона, таҳримҳои Амрико ба ин арса низ сироят кард . Акнун Эрон бо мавҷи чаҳоруми корона мувоҷеҳ аст . Бо вуҷуди пешрафтҳо ва иқдомоти қобили тавваҷӯҳ дар арсаи муқобила бо вируси маргбори корона; асароти мухарриби ношӣ аз таҳримҳо ва коршиканӣ дар хариди ваксина ва ақломи доруӣ, низоми беҳдошт ва дармони Эронро дучори мушкилоте кардааст. Ин иқдомот мисдоқи нақзи фоҳиши ҳуқуқи бунёдини башар монанди ҳаққи бар ҳаёт, ҳақ бар саломат, ҳақ бар дастрасӣ ба муроқибатҳои беҳдоштӣ، ҳақ бар ғизо ва дору қаламдод мешавад. Ин маворид дар асноди мутаъаддид ва лозимулиҷрои ҳуқуқи башарӣ борҳо мавриди таъкид қарор гирифтааст. 

Тибқи модаи 25 эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар: " Ҳар шахсе ҳақ дорад, ки аз сатҳи зиндагии муносиб барои тааъмини саломатӣ ва рифоҳи худу хонаводааш,ба  вижа аз ҳайси хӯрок, пӯшок, маскан, муроқибатҳои пизишкӣ ва хадамоти иҷтимоии зарурӣ бархӯрдор шавад. " 

Аммо маҳдудиятҳое, ки аз ҷониби ғайриқонунии таҳримҳо ҷорӣ карда шудаанд, ба воридоти доруҳо ва лавозимоти зарурии тиббӣ таъсири назаррас расонида, боиси бӯҳрони ҷиддӣ дар саломатии мардуми Эрон гардиданд.

 Бо тавваҷӯҳ ба ин рафтори зиддиинсонии Амрико, намояндагии Эрон дар Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи ҷумъа бо ишора ба шуюъи корона ва таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико эълом кард : дар соли гузашта, мардуми Эрон, дар айни дасту панҷа нарм  кардан бо густариши сариъи вирус, ба воситаи таҳримҳои ғайриқонунии Амрико, бо инсидоди сармояҳои худ дар банкҳои хориҷӣ ва қатъи дастрасӣ ба каналҳои банкии ҷаҳонӣ ҷиҳати пардохт ақломи пизишкӣ рӯ ба рӯ бӯдаанд. 

 Эрон ҳамчунин ба манзури тақвияти иқтисоди худ бо ҳадафи таъмини ниёзҳои мардум дар ҳавзаи  пизишкӣ ва саломат аз сандуқи ҷаҳонии пул тақозоӣ вом кард, ки дар ин замина ҳам ба монеъи Амрико бархӯрд кард ва бенатиҷа монд. 

 Мақомоти Амрико борҳо иддао карданд, ки дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ва дармонӣ шомили таҳримҳо нест ; аммо аз ду сол қабл, ки даври ҷадиди таҳримҳо оғоз ва равобити молӣ ва банкии Эрон бо маҳдудиятҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, таъсироти густардаи таҳримҳо бар саноати дору ва таъмини доруҳои воридотӣ намоён шуд ва беморони эронӣ ва хонаводаҳояшонро бо чолишҳоӣ ҷиддӣ мувоҷеҳ кард. 

 

 

Раиси кулли Созмони низоми пизишкӣ Муҳаммадризои Зафарқандӣ, дар бораи таъсири таҳримҳо бар саломати мардум мегӯяд: « Амрико борҳо эълом кардааст, ки  таҳриме дар ҳавзаи саломат аъмол накардааст; аммо пас аз таҳримҳо, ширкатҳои воридкунандаи дору ва таҷҳизоти пизишкӣ дар заминаи табодулоти молӣ дучори мушкилот ва маҳдудиятҳое шудаанд, ки дар амал, беморонро таҳти таъсир қарор дода ва мушкилоте барои онҳо эҷод кардааст. » 

 

 

Осебҳое, ки соли гузашта ба беморони гемофилии Эрон ворид шуд, ба қадаре нигаронкунанда буд ,ки конуни гемофилии Эрон тасмим гирифт ба Федерасиюни ҷаҳонии гемофилӣ номае бинависад. 

Дар чаҳор соли гузашта Амрико кӯшиш кард, ки таҳримҳоро ҳамчун воситаи фишор овардан ба мардуми Эрон бо шиддат  истифода барад. Ин таҳримҳо ҳатто боис шудааст, ки Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон далелҳои нақзи ҳуқуқи инсонро нодида гирад; Дар изҳорот дар бораи мушкилоте, ки таҳримҳо дар роҳи ҷилавгирӣ аз хуруҷи корона ба вуҷуд овардаанд, ташаккули як шакли терроризми тиббӣ алайҳи миллати Эронро эътироф кунад.

Таҳримҳои ғайриқонунӣ ва иқдомоти қаҳромез ба вижа дар ҳангоми ҳамагирии як беморӣ, дар воқеъ мисдоқе аз ҷиноёти зидди башар ва наслкушӣ аст. Таъкид намояндагии Эрон дар Иттиҳодияи Авруао бар лузуми таҳияи гузорише аз осори мухарриби таҳримҳои ғайриқонунии Амрико бар зиндагии беш аз 80 миллион эронӣ дар воқеъ ёдовари дугонаҳои ҳуқуқи башарии ғарб ва вазоифест, ки бояд дар таҳримҳо ва ҳатто ҷангҳо дар назар гирифта шавад то саломати мардум, кӯдакон ва афроди мусин ва беморон ба хатар наяфтад. 
  
  
  
  Бештар бихонед :

Барчасп