Амрико ДИИШ-иҳоро аз Сурия ба Ироқ мунтақил мекунад
(last modified Mon, 12 Apr 2021 12:54:10 GMT )
Апрел 12, 2021 17:54 Asia/Dushanbe
  • Иёлоти Муттаҳида террористонеро, ки дар урдугоҳи Ал-Ҳул дар Сурия ҳузур доранд, истисмор мекунад
    Иёлоти Муттаҳида террористонеро, ки дар урдугоҳи Ал-Ҳул дар Сурия ҳузур доранд, истисмор мекунад

Раҳбари Иттиҳоди уламои мусалмонон дар Диёлаи Ироқ эълом кард, ки Амрико теъдоде аз террористҳои ДИИШ-ро аз Сурия ба Ироқ интиқол додааст, то амнияти ин кишвари арабиро халалдор кунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Сумария Нюз, Раиси иттиҳодияи уламои мусулмон дар Диёлаи Ироқ  Ҷаббор Ал-Маъмурӣ гуфт : дар рӯзҳои ахир амрикоиҳо шуморе аз аносури такфирии ДИИШ дар урдугоҳи сурии « ал-Ҳул»-ро ба Ироқ мунтақил кардааст.

Ал-Маъмурӣ изофа кард: воқеъият он аст, ки Амрико ба дунболи зарба задан ба амнияти минтақаи ғарби Осиёст ва ба ҳамин манзур аз террористҳои ҳозир дар урдугоҳи ал-Ҳул дар Сурия баҳрабардорӣ мекунад. 

 

Раиси иттиҳодияи уламои мусулмон дар ДиёлииИроқ бо баёни ин ки беш аз 30 ҳазор нафар дар урдугоҳи ал-Ҳул зиндагӣ мекунанд изофа кард: Дар 72 соати гузашта беш аз 30 ДИИШ-ии сокини ин урдугоҳ ба макони номаълуме мунтақил шудаанд ва ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки аз онҳо барои зарба задан ба амнияти Ироқ истифода шавад. 

Урдугоҳи ал-Ҳул дар Сурия ҳазорон нафар аз саркардагон ва террористҳои ДИИШ-иро дар худ ҷой додааст, ки пас аз озодсозии шаҳрҳои Ироқ аз назорати ин гурӯҳи террористӣ ба ин урдугоҳ гурехтаанд. 
  
  
  Бештар бихонед: