Алексей Навалний ба хотири Қуръон аз мақомоти зиндони Русия шикоят мекунад
Алексей Навалний, барҷастатарин чеҳраи мухолифи давлати Русия, ки аз чанде пеш дар зиндон ба сар мебарад, аз мақомоти зиндон ба хотири надодани Қуръони Карим ба ӯ, шикоят мекунад.
Ба гузориши ИСНА, Алексей Навалний бо интишори паёме дар сафҳаи Инстаграми худ эълом кард, ки нахустин шикояташ аз мақомоти зиндон дар ин замина аст, ки онҳо дархости вайро барои дар ихтиёр доштани Қуръон напазируфта ва аз додани китоби муқаддаси мусулмонон ба ӯ худдорӣ кардаанд.
Навалний навиштааст: Мавзуъ ин аст, ки мақомоти зиндон Қуръонамро ба ман намедиҳанд ва ин маро асабонӣ мекунад.
Вай афзуд: Мутолеи амиқи Қуръони Карим барои тазкияи нафс ва худсозӣ аст ва ҳадафе буд, ки ман барои худам дар даврони ҳабс таъин карда будам.
Ин сиёсатмадори мухолифи давлати Русия ҳамчунин гуфтааст, ки тасмим гирифтааст на танҳо Ислом ва суннати паёмбари онро бафаҳмад, балки қасд дорад Қуръонро ҳифз кунад.
Ба гуфтаи Навалний, дар зиндон ба ӯ иҷоза надодаанд, ки ҳеч як аз китобҳояшро, ки бо худ оварда ё дар моҳи гузашта онҳоро супориш дода буд, дар ихтиёраш қарор бигирад.
Ин сиёсатмадори 44 сола барҷастатарин мунтақиди Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия маҳсуб мешавад.
Бештар бихонед:
- Ҳукми зиндони Навалний ба 2 солу 8 моҳ коҳиш ёфт
- Вокуниши Захарова ба изҳороти мақомоти ғарбӣ дар бораи ҳукми ҳабси Навалний
- Мақоми рус: Ғарб барои бесубот кардани Русия ба Навалний ниёз дорад