Ноябр 02, 2021 12:40 Asia/Dushanbe
  • Баргузории рақобатҳои байналмилалии Қуръони Карим ба мизбонии Қирғизистон

Дар масҷиди Имом Сарахсии Бишкек мусобиқоти байналмилалии Қуръон бо ҳузури намояндагони 11 кишвар баргузор шуд.

Идораи умури мусулмонони Қирғизистон дар масҷиди марказии Имом Сарахсӣ, воқеъ дар шаҳри Бишкек, мусобиқаи байналмилалии Қуръон бо унвони «Баҳори Қуръон» -ро байни қориёни 11 кишвар баргузор кард.

Дар ин маросим Замир Рокиев, муфтии аъзами мусулмонони Қирғизистон ва Холид Дарвешуғлу аз Туркия, Абдуссалом муқбал Алмоҷидӣ аз Яман ва Солеҳ Аҳмад Солеҳ аз Қатар ҳузур доштанд.

Дар ин мусобиқа 11 қорӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат карданд.

Ба нафари аввали ин мусобиқот 5 ҳазор доллар, нафари дувум 4,5 ҳазор доллар ва ба нафари севум 2000 доллар ҷоизаи нақдӣ эҳдо шуд.

 

 

Барчасп