Октябр 23, 2016 19:35 Asia/Dushanbe
  • Шикояти як зани дигар аз номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи Амрико

Як зани амрикоии дигар низ номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи Амрикоро ба бадахлоқии ҷинсӣ муттаҳам кард.

Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ба дархости зане, ки вайро ба бадахлоқии ҷинсӣ муттаҳам карда буд, роҳии додгоҳ хоҳад шуд.

Ин зан охирин маврид аз заноне маҳсуб мешавад, ки тайи ҳафтаҳои ахир Трампро ба фасод ва бадахлоқии ҷинсӣ муттаҳам кардаанд.

Номзади ҷумҳурихоҳони Амрико гуфтааст, тамоми занонеро, ки иттиҳомоти ҷинсӣ алайҳи вай матраҳ карда ва ӯро мавриди иҳонат қарор додаанд, таҳти таъқиби қазоӣ қарор хоҳад дод.

Тими тадорукоти интихоботии Трамп низ ба ин иттиҳомот вокуниш нишон дод ва тайи баёнияе тамоми ин иттиҳомотро рад ва эълом кард, ин иқдом аз он даст иқдомоти таҳрикомезе буда, ки тими интихоботии Ҳилларӣ Клинтон алайҳи Трамп ба роҳ андохтааст.

 

Барчасп