Даҳшатноктарин шоҳроҳ дар ҷаҳон + филм
(last modified Tue, 20 Apr 2021 06:20:01 GMT )
Апрел 20, 2021 11:20 Asia/Dushanbe

Роҳи мошингарди 880-километраи байни Чин ва Покистон яке аз даҳшатноктарин шоҳроҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Роҳи автомобилгарди Чин-Покистон шоҳроҳи 880 километрӣ бо арзиши беш аз 65 миллиард доллар дар тӯли 36 моҳ сохта шуд, аммо қисмати муҳимтарин ва хатарнокаш тақрибан 24 километр аст, ки аз кӯли Атторободи Покистон мегузарад.

Роҳи автомобилгарди Туркистони Шарқӣ Чинро бо Кашмири Покистон мепайвандад ва аз қисматҳои шимолии Ҳимолой мегузарад, ки қисми зиёди онҳо дар зимистон барфпӯшанд.