Апрел 25, 2021 18:29 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ду мақоми қазоии Русия
    Кушта шудани ду мақоми қазоии Русия

Як муҳитбони ду маъмури аршади додгоҳи Русияро ҳангоми шикор дар минтақаи Сибири Русия куштааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам генерал Евгений Шайхов, раиси Додгоҳи Забайкалск (дар минтақаи Сибири Русия) ва Валерий Герман, сардори боздоштгоҳи рақами 1-и ин минтақа ҳангоми шикор кушта шуданд.

Кумитаи адлияи Забайкалски Русия дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқот оғоз кардааст.

Ҳодиса дар минтақаи ҷангали Каримск ба вуқӯъ пайваст ва қотили ду мансабдори Русия ҷангалбон бо номи Николай Макараф буд, ки он ду нафарро бо аслиҳаи шикорӣ тирборон кард.

 Гуфта мешавад Макаров ҳангоми тирандозӣ ба сӯи ин ду нафар, ки бо ҳам мушоҷира  мекарданд маст будааст. 

Шайхов ва Гармон барои шикори хукҳо ба як шикоргоҳи минтақаи Сибир омада буданд.

Евгений Шайхов аз 25 соли пеш дар системаи қазоии Русия кор мекарду соли гузашта ба дастури раисҷумҳури Русияи дараҷаи генералӣ гирифта буд. 
  
  
  
  Бештар бихонед:

Барчасп