Судури дастури боздошти 532 нафар аз "гулениҳо" дар Туркия
Мақомоти қазоии Туркия ҳукми 532 мазнун ба иртибот бо гурӯҳи Гуленро содир карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия, аз ин 532 мазнун ба иртибот бо гурӯҳи Гулен 459 нафар аз коркунони артиш ҳастанд.
Бо дархости прокурорҳои 62 музофоти Туркия 258 нафар, аз ҷумла чаҳор полковник, майор, нӯҳ фармондеҳ ва 24 капитан боздошт шуданд..
Пас аз табаддулоти нокоми зидди ҳукумати Туркия дар 15 июли соли 2016, нерӯҳои амниятии Туркия даҳҳо ҳазор шаҳрвандон ва сарбозони Туркияро дар иртибот бо гурӯҳи Гулен ва ин кудето боздошт карданд.
Давлати Туркияи Фатҳуллоҳи Гуленро муттаҳами радифи аввали ин кудето муаррифӣ мекунад, аммо вай ин иттиҳомро рад кардааст.
Бештар бихонед: