Интиқоди Амрико аз гузориши Дидабони ҳуқуқи башар дар бораи режими саҳюнистӣ
(last modified Wed, 28 Apr 2021 13:08:22 GMT )
Апрел 28, 2021 18:08 Asia/Dushanbe
  • Саки: истилоҳи апартеид дар бораи Исроил дидгоҳи моро мунъакис намекунад
    Саки: истилоҳи апартеид дар бораи Исроил дидгоҳи моро мунъакис намекунад

Вашингтон дар мавзеъи ҷонибдорона гузориши Дидабони ҳуқуқи башарро дар бораи сиёсати табъизи нажодии режими саҳюнистӣ рад кард.

Ба гузориши Ал Қудс Ал Арабӣ, Ҷен Саки, сухангӯи Кохи Сафед дар вокуниш ба гузориши ахири Дидабони ҳуқуқи башар муддаӣ шуд, Дидабони ҳуқуқи башар дар гузориши худ гуфтааст, ки мақомоти исроилӣ ду ҷинояти алайҳи башарият, яъне апартеид  ва озору азиятро дар ҳақи фаластиниён муртакиб шудаанд, аммо истилоҳи апартеид (табъизи нажодӣ), дидгоҳи моро мунъакис намекунад.

Саки афзуд, Иёлоти муттаҳида ҳар сола таҳқиқотеро дар мавриди ҳуқуқи башар анҷом медиҳад ва гузорише дар ин бора мунташир мекунад, аммо вазорати умури хориҷаи Амрико ҳаргиз истилоҳе монанди инро ба кор намебарад.

Дидабони ҳуқуқи башар рӯзи сешанбе дар гузорише 123 сафҳаӣ аз Девони байналмилалии кайфарӣ муҳокимаи мақомҳои режими саҳюнистиро хостор шуд.

Дидабони ҳуқуқи башар дар ин гузориш режими саҳюнистиро як режими апартеид тавсиф кард, ки ҷиноёти ҷангӣ ва зиддибашарӣ алайҳи фаластиниён муртакиб шудааст.

Тибқи қавонин ва қавоиди байналмилалӣ бавижа асосномаи Девони байналмилалии кайфарӣ, апартеид ҷиноят алайҳи башарият маҳсӯб мешавад.

 

Бештар бихонед: