Апрел 29, 2021 09:20 Asia/Dushanbe
  • Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ дар мадори наздикии Замин дар баландии 330 то 435 км аз сатҳи Замин дар ҳаракат аст.
    Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ дар мадори наздикии Замин дар баландии 330 то 435 км аз сатҳи Замин дар ҳаракат аст.

Як кайҳонаварди ҷопонӣ фармондеҳи нави Истгоҳи байналмилалии кайҳон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Акихико Хошиде пас аз Койчи Ваката, ки соли 2014 фармондеҳии Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонро бар ӯҳда дошт, дуввумин ҷопонӣ аст, ки ба ин мақом мерасад.

Ин кайҳонаварди ҷопонӣ чандин  рӯз қабл ба ҳамроҳи се кайҳонаварди дигар бо фазопаймои  Кров Драгон дрогўни Crewи Dragon ки ширкати хусусии амрикоии   SpaceX  онро сохтааст, вориди Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ шуд ва дар як маросим дар ин истгоҳи кайҳонӣ чизе ки ба " калиди истгоҳ " маъруф бударо таҳвил гирифт. 

Ин калид намоди масъулияти фармондеҳи истгоҳ аст. 

Фармондеҳи истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ барои амнияти кайҳоннавардон масъул аст ва тамоми амалиёти ин истгоҳро идора мекунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп