Истиқболи ниҳодҳои ҷаҳонӣ аз оташбаси Тоҷикистон ва Қирғизистон
Созмони Милали Муттаҳид Ва Иттиҳодияи Аврупо бо ибрози нигаронӣ аз вуқӯъи даргирии марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тавофуқи оташбаси байни ду тараф истиқбол карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, «Фарҳони Ҳақ» муовини сухангӯии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳор кард: "Мо ин гузоришҳоро бо нигаронӣ пайгирӣ карда, аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват мекунем, ки музокироти мустақимро барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда идома диҳанд."
Шаби гузашта дар пайи тавофуқи вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мабнӣ ба барқарории оташбас дар марзҳои ду кишвар, «Питер Буриан» намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар масоили Осиёи марказӣ низ дар тамоси телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз тавофуқи ду тараф барои оташбас истиқбол ва омодагии Иттиҳодияи Аврупоро барои ироаи кумакҳои фаннӣ дар чорчӯби барномаҳои муштараки марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон эълом кард.
Дар низоъҳо миёни сокинони манотиқи марзӣ ва марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи гузашта иттифоқ афтод, бино бар эъломи расонаҳои тоҷикиӣ 10 тан кушта ва беш аз 90 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Манобеъи қирғиз теъдоди кушташудагонро 13 нафар ва маҷрӯҳшудагонро 134 нафар эълом кардааст.