Интиқоди шадиди Маскав аз нақшофаринии манфии Амрико дар Афғонистон
(last modified Sun, 02 May 2021 10:18:53 GMT )
Май 02, 2021 15:18 Asia/Dushanbe
  • ҳузури Амрико дар Афғонистон танҳо боиси ташдиди таниш дар ин кишвар шуд, аммо Вашингтон дигаронро масъул мехонад .
    ҳузури Амрико дар Афғонистон танҳо боиси ташдиди таниш дар ин кишвар шуд, аммо Вашингтон дигаронро масъул мехонад .

Николай Патрушев-дабири Шӯрои амнияти Русия рӯзи ҷумъа дар изҳороте таъкид кард, ки ҳузури Амрико дар Афғонистон танҳо боиси ташдиди таниш дар ин кишвар шуд, аммо Вашингтон дигаронро масъул мехонад .

Ӯ бо баёни инки Амрико талош кард аз Афғонистон ба унвони пойгоҳе барои афзоиши нуфузи геополитикӣ дар минтақа истифода кунад, муътақидаст ки дар давраи ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистони вазъияти ин кишвар бадтар шудааст .

Патрушев афзуд : Аҳдофе ки Амрико барои лашкаркашӣ ба Афғонистон эълом кард шомили нобудии тероризм буд . Аммо дар ҳоли ҳозир Афғонистон дар садри кишварҳое қарор дорад, ки аз ҳамалоти террористӣ осеб мебенад . Ба гуфтаи дабири Шӯрои амнияти Русия дар се моҳи нахусти соли 2021 беш аз 3500 нафар дар Афғонистон қурбонии тероризм шуданд, ки беш аз як ҳазор нафар дар моҳи март кушта шуданд . Илова бар он ҷангҷуёни иқдомоти террористии худро ба қаламрави Афғонистон маҳдуд намекунанд ва кишварҳои ҳамҷаворро низ таҳдид мекунанд .

Ишораи ин мақоми аршади амниятии Русия ба нақши манфии Амрико ва муттаҳидони он дар НАТО дар арсаи Афғонистон дар бист соли гузашта бо тавваҷуҳ ба воқеъиёти кунунии ин кишвари ҷангзада маъно пайдо мекунад . Ҳарчанд амрикоиҳо пас аз ҳодисаи 11 сентябри 2001 дар чорчуби " ҷанги ҷаҳонӣ алайҳи тероризм " ба Афғонистон ҳамла карда ва режими Толибонро сарнагун карданд, аммо ба рағми умедҳо дар бораи эҷоди суботу оромиш дар ин кишвар таи ду даҳаи гузашта на фақат ҷанг дар Афғонистон байни Толибон ва давлати марказӣ идома ёфта, балки заминаи фаъолияти дигар гурӯҳҳои террористӣ ба вижаи ДИИШ дар ин кишвар фароҳам шудааст . Дар марҳилаи кунунӣ, ки Амрико эълом карда ки раванди хуруҷи неруҳояш аз Афғонистонро оғоз карда, ин масъалаи ангезаи бештар ба Толибон барои густариши ҳамалоти худ алайҳи нерӯҳои давлатӣ ва манотиқи мухталифи ин кишвар дода, ки натиҷаи он афзоиши шадиди талафоти ғайринизомиён бар асари ҳамалоти мусаллаҳона ва инфиҷоре аст. Ба гуфтаи Патрушев, Амрико ва Афғонистон мардуми ин кишварро дар вазъияти бисёри душворӣ тарк мекунад .

Аз сӯи дигар ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон бо шаклгирӣ ва густариши фаъолиятҳои гуруҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар дар чанд соли ахир ҳамроҳ шудааст . Маскав борҳо ҳушдор дода, ки гурӯҳи террористии ДИИШ бо ҳадафи расидан ба Осиёи Марказӣ ва ноамн кардани ин минтақа дар паи  густариши фаъолияти худ дар Афғонистон аст . Мақомоти русӣ борҳо аз мусаллаҳсозии ДИИШ дар Афғонистон интиқод карда ва онро иқдоме аз ҷониби Амрико донистаанд .

Ба гуфтаи Маскав амрикоиҳо дар ростои  манофеъу аҳдофи худ навъҳои кумакҳои таъминотӣ ва силоҳҳоро барои ДИИШ-ии мустақар дар Афғонистон фароҳам кардаанд . Амрико ҳамвора дар паи истифодаи абзорӣ аз ДИИШ алайҳи душманони минтақаӣ ва байналмиллалии худ аз ҷумлаи Эрон, Русия ва Чин буда ва тақвияти ДИИШ дар Афғонистон ба вижа дар ноҳияҳои муҷовири кишварҳои Осиёи Марказӣ, монанди Тоҷикистону Узбекистон бо ҳадафи эҷоди фишор ба Русия, Чин ва ин кишварҳо сурат мегирад .

 Нузари Шафеъӣ-коршиноси масоили байналмиллалӣ бо баёни инки ағлаби неруҳои ДИИШ дар Афғонистон ғайрибумӣ ҳастанд, мегуяд : ДИИШ дар Афғонистони хеле ҷойи по надорад; хусусан инки ақабаи онҳо дар Сурияву Ироқ  ҳам аз байн рафта ва ҳам тасаввури манфӣ аз ин гуруҳ дар афкори умумӣ вуҷуд дорад .

Масъалаи дигаре ки дабири Шӯрои амнияти Русия бар он ангушт ниҳода корномаи манфии Амрико ва муттаҳидонаш дар арсаи мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон аст . Ба гуфтаи ӯ аз оғози амалиёти низомии Амрико ва муттаҳидони ин кишвар дар Афғонистон дар соли 2001 тавлиди героин дар ин кишвар даҳҳо баробар афзоиш ёфтааст . Дар воқеъ самараи ҳузури низомиёни Амрико ва НАТО дар ин кишвар ҷузви куштори ғайринизомиён, ноамнии физоянда ва густариши тероризм, идомаи фақру харобии зерсохтҳо ва афзоиши қобили тавваҷуҳи тавлиду қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон чизи дигаре набудааст .

 

  Бештар бихонед :