Май 02, 2021 21:10 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши хушунатҳои хонаводагӣ дар давраи шуюъи корона дар Амрико
    Афзоиши хушунатҳои хонаводагӣ дар давраи шуюъи корона дар Амрико

Вашингтон пост дар гузорише аз ташдиди хушунатҳои хонаводағӣ дар пайи афзоиши машрубот, аз замони ҳамагирии корона хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, тозатарин мутолиоти анҷомшуда бо мушорикати як ҷурмшинос ва ду иқтисоддон нишон медиҳад. шавоҳиди бисёре вуҷуд дорад  , ки ҳар вақте, ки дастрасӣ ба машрубот осонтар мешавад, хушунат зиёд мешавад.

 Тибқи натоиҷи мунташиршуда, мавориди дастгирӣ ба иллати ҷароими хашин ва низ эҳтимоли он ки  афрод  қурбонии ҷароими хашин шаванд, пас аз синни 21- солагӣ, ки синни қонунии масрафи машрубот  дар Амрикост, афзоиш меёбад. 

Ба гуфтаи ин муҳаққиқон, дастуроти қарантинаи хонагӣ дар замони корона  амре ғайримаъмул будааст ва бо тавваҷӯҳ ба изтиробу фишори ношӣ аз ин ҳамагирӣ ва аз он ҷое ки афроди маст ва қурбониён бо ҳам дар як макони баста ва бидуни назорати полис ба сар мебаранд, мусалламан хушунати хонаводагӣ ташдид мешавад. 

Ба иборате, тӯлонӣ шудани муддати замони ҳузури аъзои  хашини хонавода бо ҳам дар манзил ва масрафи бештари машрубот  аллакай дар хона бо таътилии марокизи умумии таъсири қобили таваҷҷӯҳе бар афзоиши пайвастаи хушунатҳои хонаводагӣ дар Амрико доштааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп