Май 03, 2021 09:27 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои бузургтарин тарҳи интиқоли оби ҷаҳон дар Чин

Давлати Чин барои таъмини оби ошомиданӣ ва кишоварзии мавриди ниёзи манотиқи шимолии худ, аз ҷумла Пекин- пойтахт, бузургтарин тарҳи интиқоли оби ҷаҳонро иҷро кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, пружа(проэкт)и интиқоли оби ҷануб ба шимоли Чин, ки шомили се масири интиқоли об аст, дар соли 2014 оғоз шуда ва 1276 километр тӯл дорад .

Интизор меравад, ки пружаи интиқоли оби ҷануб ба шимоли Чин ба унвони бузургтарин пружаи обии ҷаҳон, бахши бузурге аз мушкилоти марбут ба камобии шимоли Чин аз ҷумла беобӣ, муҳоҷирати сокинон ва олӯдагии обро ҳаллу фасл кунад .

  Беш аз 80 дарсади манобеи обии Чин дар ҷануби ин кишвар воқеъ шудааст .

 

  Бештар бихонед :

Барчасп