Омодагии машрути Маскав барои музокираи таслеҳотӣ бо Вашингтон
(last modified Mon, 03 May 2021 11:32:33 GMT )
Май 03, 2021 16:32 Asia/Dushanbe
  • Захарова: Мо бе назардошти манфиатҳо ва нигарониҳои Вашингтон ба ҳеҷ чиз розӣ нахоҳем шуд
    Захарова: Мо бе назардошти манфиатҳо ва нигарониҳои Вашингтон ба ҳеҷ чиз розӣ нахоҳем шуд

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия аз иқдомҳои Амрико барои ба даст овардани қобилияти ҳарбии сатҳи ҷаҳонӣ ҳушдор дод ва омодагии шартии Маскавро барои музокира бо Вашингтон дар бораи назорати силоҳ хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, «Мария Захарова» сухангӯи  вазорати хориҷаи Русия эълом кард: Русия омодааст дар бораи мавзӯоти назорати таслеҳот ва суботи стратегӣ бо Амрико музокира кунад, аммо рӯи нигарониҳои худ дар бораи системаи дифоъии зиддимушакии Вашингтон пофишорӣ хоҳад кард.

  


Вай изҳор кард: Албата мо бидуни лиҳоз шудани манофеъ ва рафъи нигарониҳоямон аз сӯи Вашингтон бо ҳеч чизе мувофиқат нахоҳем кард ва агар битавонем ба таври муштарак ба як тавозуни манофе  бирасем, дар он сурат мо метавонем дар бораи тавофуқот сӯҳбат кунем. 

Пас аз хуруҷи Шартномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ (INF), Амрико ба таҳия ва озмоиши мушакҳои болдори заминӣ ва мушакҳои баллистикии наздикпарвоз ва миёнапарвоз шурӯъ кард.

Ҳадафи Вашингтон ин аст, ки Русияро вориди раванди мушобеҳе кунад ва бад ин тартиб  бори дигар  мусобиқаи таслеҳотии ҷадиде бо ҳадафи тазъифи иқтисоди Русия азсар гирифта шавад; иттифоқи  мушобеҳи он чӣ дар раванди фурӯпошии Шуравии собиқ  афтод. 

Бо ин ҳоли Маскав таъкид кардааст, ки ба ин дом нахоҳад афтод. 
  
 
  Бештар бихонед: