Май 05, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Шавоҳиде вуҷӯд надорад, ки нишон диҳад ин вирус аз шер ба инсон сироят кунад
    Шавоҳиде вуҷӯд надорад, ки нишон диҳад ин вирус аз шер ба инсон сироят кунад

​​​​​​​Ҳашти шери осиёӣ дар яке аз боғи ваҳшҳои Ҳинд ба вируси корона мубтало шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерс, давлати Ҳинд эълом кард, мақомоти парки ҳаёти ваҳши “Nehru” дар иёлати Ҳайдаробод дар ҷануби Ҳинд баъд аз онки шерҳои ин боғи ваҳши дучори мушкилоти танаффусӣ шуда буданд, намунаҳои гирифта шуда аз ин шерҳоро ба озмоишгоҳ ироа доданд.

Ин боғи ваҳш акнӯн таътил шудааст.

Шавоҳиде вуҷӯд надорад, ки нишон диҳад ин вирус аз шер ба инсон сироят кунад

Бо ин ҳол, бар асоси таҳқиқоти сурат гирифта афроди олӯда ба вируси корона метавонанд ҳайвоноти хонагиро ба ин вирус олӯда кунанд, аммо коршиносон мегӯянд, эҳтимоли интиқоли олӯдагӣ аз ҳайвон ба инсон кам аст, албатта на ҳамеша.

Пеш аз ин дар мазореъи парвариши Самури Ҳинд беш аз як миллион Самурро ба далели ибтило ба вируси корона нобуд карданд.

Дар Испания низ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона беш аз 92 ҳазор Самур нобуд шуданд, ки 90 дарсади онҳо ба вируси корона олӯда шуда буданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп