Шиносоии 15 бемори мубтало ба вируси ҳиндии корона дар Хуҷанд
(last modified Wed, 19 May 2021 14:06:59 GMT )
Май 19, 2021 19:06 Asia/Dushanbe
  • Беморони коронаии шиносоӣ шуда дар Ҳинд кор ва таҳсил мекарданд
    Беморони коронаии шиносоӣ шуда дар Ҳинд кор ва таҳсил мекарданд

Сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бистарӣ шудани 15 нафарро бо нишонаҳои вируси коронаи ҳиндӣ дар маркази бемориҳои вогирдори Хуҷанд таъйид кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалии Мирзо гуфт,  афроде, ки дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудаанд, тайи як ҳафтаи ахир тариқи фурудгоҳи шаҳрҳои Истамбули Туркия ва Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб вориди Тоҷикистон шудаанд.

“Тибқи қоида, ҳар шаҳрванде, ки аз хориҷа ворид мешавад, таҳти қарантина қарор мегирад. Ин афрод дар ҷойҳои сукунати худ бистарӣ мешаванд. Он 15 нафар ҳам онҳоеанд, ки сокини шаҳри Хуҷанд буда, аксарият аз Ҳиндустон ва қисме аз Туркия вориди кишвар шудаанд”. 

Сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо баёни инки Ҳинд ба шиддат даргири коронаи навъи ҷаҳиш ёфтааст бар зарурати ташдиди назорат бар мусофирони вурӯдӣ аз ин кишвар таъкид кард ва онро аз авлавиятҳои ин вазоратхона баршумурд.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то пеш аз ин эълом карда буданд, ки аз оғози соли 2021 то кунӯн ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба вируси корона дар ин кишвар мушоҳида нашудааст.

 

Бештар бихонед: