Баргузории нишасти «Қудс, қалби ҷаҳони Ислом» дар Маскав
(last modified Thu, 06 May 2021 04:42:07 GMT )
Май 06, 2021 09:42 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Русия гуфт, режими Исроил дар 20 соли гузашта, беш аз ду ҳазору 100 кудаки фаластиниро шаҳид кардааст
    Сафири Эрон дар Русия гуфт, режими Исроил дар 20 соли гузашта, беш аз ду ҳазору 100 кудаки фаластиниро шаҳид кардааст

Нишасти тахассусии вебинари «Қудс, қалби ҷаҳони Ислом» дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ҳузури ҷамъе аз мақомҳо ва андешмандони эронӣ ва рус дар Маскав, пойтахти Русия баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин нишаст, ки асри рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд, шахсиятҳои ширкаткунанда дидгоҳҳои худро дар бораи масъалаи Фаластин ва зарурати иттиҳоди дунёи Ислом дар муқобили ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ баён карданд. Ширкаткунандагон дар нишаст ҳамчунин бар ҳамроҳӣ ва ҳамдилии ҷомеъаи исломӣ ва озодихоҳони ҷаҳон барои мубориза бо ишғолгарии саҳюнистҳо, озодии Қудс, қиблаи нахусти мусулмонон ва бозгашти фаластиниҳо ба сарзамини аҷдодиашон таъкид карданд.

Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав дар ин нишаст гуфт, режими ишғолгари саҳюнистӣ аз соли 1948 токунун ҳудуди 100 ҳазор фаластинӣ ва арабро кушта ва бо ҳимояти истикбори ҷаҳонӣ фақат тайи 20 соли гузашта, беш аз ду ҳазору 100 кудаки фаластиниро шаҳид кардааст.

Ҷалолӣ бар зарурати бозгашти оворагони фаластинӣ ба хона ва кошонаи худ низ таъкид кард ва гуфт, акнун фаластиниҳо бештарин омори оворагони ҷаҳонро доранд ва теъдоди онҳо то поёни соли 2020 ба ҳудуди 7 миллиону 200 ҳазор расидааст.  

Мақомҳо, андешмандон ва уламои мазҳабии рус низ дар ин вебинар аз ибтикори бе назири ҳазрати имоми Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба "Рӯзи ҷаҳонии Қудс" ва ҳимоятҳои пайвастаи ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ аз масъалаи Фаластин қадрдонӣ карданд.

Ҷумъа 7 апрели 2021 баробар бо охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазони имсол, Рӯзи ҷаҳонӣ Қудс аст.

 

Бештар бихонед: