Падидае шигифтангез дар осмони Туркия
Май 08, 2021 18:53 Asia/Dushanbe
-
Вазорати саноат ва фанноварии Туркия эълом кард, ин падида амре оддӣ аст
Вуқуъи як падидаи шигифтангез дар осмони Туркия хабар соз шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ин падида, ки соати 22:00 шаби гузашта ба вақти маҳаллӣ, иттифоқ афтод ва дар чандин устони Туркия мушоҳида ва сабт шуд, марбӯт ба нурҳои чашмакзане буд, ки ба сурати қатор пушти сари ҳам дар осмон дар ҳоли ҳаракат буданд.
Ин рӯйдод ибтидо аз сӯи расонаҳои Туркия ба унвони падидае мармуз ва асроромез матраҳ шуд.
Бо ин ҳол, вазорати саноат ва фанноварии Туркия эълом кард, ин падида амре оддӣ аст, ки дар натиҷаи инъикоси нури панелҳои хуршедии моҳвораҳо рух додааст ва ҷои нигаронӣ надорад.
Бештар бихонед:
Барчасп