Май 10, 2021 10:26 Asia/Dushanbe
  • Марокизи омӯзишии шиаёни ҳазора дар ғарби Кобул дар солҳои ахир борҳо ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ будааст
    Марокизи омӯзишии шиаёни ҳазора дар ғарби Кобул дар солҳои ахир борҳо ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ будааст

Шабакаи Тулуъниюз асри якшанбе эълом кард, шумори ҷонбохтагони инфиҷорҳои рӯзи гузаштаи мадрасаи духтаронаи Саидулшуҳадо дар минтақаи Қалъаи Нави Кобул ба 63 тан афзоиш ёфт.

Тулуъниюз бар асоси гуфтаҳои бастагони қурбониён гузориш дод, ки шумори кушташудагон ба 63 нафар расида ва ҳудуди 150 тан дар ин инфиҷорҳо захмӣ шудаанд.

Пас аз ҳамла ба марокизи омӯзишии Мавъуд ва Кавсари Дониш, мадрасаи духтаронаи Саидулшуҳадо, сеюмин маркази омӯзишӣ дар ғарби Кобул аст, ки донишомӯзони он ба сурати гурӯҳӣ кушта мешаванд.

Ҳеч гурӯҳе масъулияти инфиҷори рӯзи шанберо ба уҳда нагирифтааст.

Давлати Афғонистони гурӯҳи Толибонро масъули ин ҳамла муаррифӣ кардааст, аммо Толибон бо маҳкум кардани ин ҳамла, даст доштан дар онро рад карда ва онро ба ДИИШ нисбат додааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп