Ноябр 09, 2020 14:46 Asia/Dushanbe
  • Сапарасти ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Кобул Муҷтабо Наврӯзӣ
    Сапарасти ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Кобул Муҷтабо Наврӯзӣ

Сарпарасти ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Афғонистон яке аз шоҳидони ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,сарпарасти ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Кобул доктор Муҷтабо Наврӯзӣ,  ба хабаргузории Шафақна дар бораи ҳодисаи террористӣ дар Донишгоҳи Кобул гуфт: "Ман он рӯз ва дар он лаҳза дар Донишгоҳи Кобул будам ва саҳнаҳои ғамангез ва талху дарднокро мушоҳида кардам."

60 кушта ва захмӣ дар задухӯрди Донишгоҳи Кобул

Наврӯзи бо ишора ба ин ки қарор буд ҳамон рӯз намоишгоҳи китоби Эрон ва Афғонистон бо ҳузури мақомоти фарҳангии ду кишвар дар Донишгоҳи Кобул баргузор шавад афзуд: "Бисёр лаҳзаҳои сахте буд, аммо ман ҳудуди 15 нафар меҳмон барои намоишгоҳи китоб аз Эрон доштам ва бояд барои руҳия додан ба онон худамро ҳифз мекардам."

Сарпарасти ройзании фарҳангии Эрон дар Кобул гуфт: "Дарди шадидтарин дарди ҷаҳолат ва бадбахтии касоне аст, ки худро инсон меноманд, аммо ба иллати ҷаҳолат ва таассуби кӯр, онҳо беш аз ҳар чизи дигар ба номи башарият зарба мезананд."

 

Наврӯзӣ дар поёни суханонаш аз худованд барои ҳамаи бозмондагони ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул талаби сабр кард ва орзу кард Кобули зебо ва дӯстдоштанӣ бори дигар ҷойе барои фарҳанг ва ҳунар ва шеъру ошиқӣ бошад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп