Улянов: Ба азсаргирии БарҶом то 21 май умедворем
(last modified Wed, 12 May 2021 12:23:44 GMT )
Май 12, 2021 17:23 Asia/Dushanbe
  • Михаил Улянов: гуфтугӯҳои Вена дар ҳоли пешрафт аст
    Михаил Улянов: гуфтугӯҳои Вена дар ҳоли пешрафт аст

Раиси ҳайати Русия дар музокироти БарҶом-ии Вена гуфт, раванди ин музокирот ба самате пеш меравад, ки эҳтимол дорад то 21 май ба аз саргирии БарҶом мунҷар шавад.

Ба гузориши ИРНА, Михаил Улянов навишт кард, гуфтугӯҳои Вена дар ҳол пешрафтаст ва музокиракунандагон бар такмили ҳарчӣ зудтари ин раванд тамаркуз кардаанд ва умедворам, ки то 21 моҳи май ба натиҷа бирасад.

Дипломатҳои аршади кишварҳои узви БарҶом (Эрон ва гурӯҳи 4+1) дар ҳафтаҳои гузашта дар Вена гирди ҳам омадаанд то дар хусӯси рафъи таҳримҳои Амрико ва эҳёи тавофуқи ҳастаэии Эрон ройзанӣ кунанд.

Дар нишасти ҷумъаи гузаштаи Камиссиюни муштараки БарҶом муқарар шуд, ки музокироту ройзаниҳо ба шакли фишурда ва бо суръати бештаре идома пайдо кунад.

Ҳамакнӯн музокироте дар Вена миёни Эрону гурӯҳи 4+1 барои ёфтан роҳи ҳалле барои водоштани Амрико ба амал ба тааҳҳудоти БарҶом-ӣ дар ҳоли баргузорӣ аст, ки ба далели коршикании амрикоиҳо ҳанӯз ба натиҷа нарасидааст.

 

Бештар бихонед: