Май 16, 2021 14:22 Asia/Dushanbe
  • Амрико дигар иҷозаи истихдоми ҳеч табааи русӣ дар сафорати ин кишвар дар Маскавро нахоҳад дошт
    Амрико дигар иҷозаи истихдоми ҳеч табааи русӣ дар сафорати ин кишвар дар Маскавро нахоҳад дошт

Давлати Русия феҳристи кишварҳои ғайридӯсти ин кишварро тайид кард, ки номи Амрико ва Чехия дар он қарор дорад ва дастуруламали марбут ба тайиди ин феҳрист дар пойгоҳи интернетии иттилооти ҳуқуқии Русия мунташир шудааст.

Тибқи ин дастуруламал, Иёлоти Муттаҳида иҷозаи истихдоми ҳеч табааи русӣ дар сафорати ин кишвар дар Маскавро нахоҳад дошт.

Чехия низ муҷоз ба истихдоми ҳаддиаксар 19 табааи рус барои кор дар сафорати кишвараш дар Маскав хоҳад буд.

Бадин тартиб ба Амрико муҳлат дода шудааст, то аввали августи 2021 атбои русиро аз сафорати худ дар Маскав мурраххас кунад.

Андрей Бистритский, раиси бошгоҳи сиёсии Валдайи Русия дар ин бора гуфт: Гунҷондани номи Амрико ва Чехия дар феҳристи кишварҳои ғайридӯсти Русия иқдоме санҷидааст, аммо эҳтимоли зиёд дорад, ин феҳрист густариш биёбад ва номи кишварҳои дигар низ ба он изофа шавад.

Тақобули Амрико ва Русия аз замони рӯи кор омадани Ҷо Байден, раисҷумҳури ҷадиди Амрико дар арсаҳои мухталиф ба мизони бесобиқе ташдид шудааст.

Дар арсаи дипломатӣ, давлати Байден ба баҳонаи мудохилаи Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва ҳамалоти сайберӣ алайҳи ниҳодҳои амрикоӣ иқдом ба ихроҷи дипломатҳои русӣ кардааст.

Дар арсаи иқтисодӣ ҳам давлати Байден ҳамонанди давлати Трамп бар мухолифати қотеонаи худ бо ҳаргуна тавсеаи равобити Русия бо Аврупо ба вижа дар заминаи тарҳи хати лулаи газии Норд Стрим 2 таъкид карда ва бинобарин метавон тасаввур намуд, ки дар ояндаи наздик ҷидоли энержии сахте байни Вашингтон ва Маскав дар хоҳад гирифт.  

Дар арсаи таҳримӣ низ давлати Байден дар ҳамин муддати кӯтоҳе, ки сари кор омадааст, раванди эълом ва эъмоли таҳримҳо алайҳи Русияро дар ду марҳала иҷроӣ кардааст.

Дар арсаи Аврупо низ, акнун Амрико бо ҳамроҳии НАТО вориди марҳалаи ҳимояти фаъол аз Украина дар буҳрони ҷадид дар шарқи ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба истиқрори низомии Русия ва таҷҳизоти онҳо дар тӯли марзҳои ин кишвар бо Украина шудааст.

Дар арсаи низомӣ ва амнияти ҳастаӣ низ ба рағми тамдиди паймони Старти ҷадид, аммо Амрико аз бозгашт ба паймони осмонҳои боз худдорӣ карда ва баъид ба назар мерасад, ба паймонҳои дигари контроли таслеҳот низ боз гардад.

Ин масъала муҷиби ташдиди рақобатҳои таслеҳотии Русия ва Амрико хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп