Май 17, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷангандаҳои исроилӣ рӯзи шанбе 15 май бурҷи Алҷило, маҳалли истиқрори расонаҳои байналмилалӣ дар Ғаззаро бомбборон карданд
    Ҷангандаҳои исроилӣ рӯзи шанбе 15 май бурҷи Алҷило, маҳалли истиқрори расонаҳои байналмилалӣ дар Ғаззаро бомбборон карданд

Созмони хабарнигорон бидуни марз алайҳи режими Исроил ба девони кайфарии байналмилалӣ ба иллати бомбборони мақарҳои хабарнигорон дар Навори Ғазза шикоят кард.

Ин созмон дар баёнияе ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба мақарри расонаҳо дар Навори Ғаззаро ҷинояти ҷангӣ донист ва эълом кард: “Исроил дафтарҳои 23 расонаи маҳаллӣ ва байналмилалиро дар Ғазза тахриб кард, артиши Исроили монеъ аз пушиши расонаӣ мешавад, ки ин мавзуъ таъсире мустақим ва хатарнок бар ғайринизомиён дорад”.

Дар идомаи ин баёния омадааст: “Хабарнигорон ва таҷҳизоти онҳо ва ҳамроҳонашон бар асоси қавонини марбут ба ҳимоят аз ғайринизомиён, мавсуният доранд”.

Созмони хабарнигорон бидуни марз пеш аз ин ҳам аз Исроил дар соли 2018 ба иллати ҳадаф қарор додани амдии хабарнигорони фаластинӣ шикоят карда буд.

Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон низ ба иллати бомбборони мақарри хабарнигорон дар Навори Ғазза аз режими саҳюнистӣ ба Шӯрои амният шикоят кард.

Режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе ба манзури ҷилавгирӣ аз пушиши хабарӣ ёфтани ҷиноёти худ, бурҷи Алҷилои Ғаззаро, ки дафтари чандини расонаи байналмилалӣ аз ҷумла шабакаи Алҷазира, Ассошиэйтед Пресс ва хабаргузории Фаронса дар он мустақар буд, бомбборон ва бо хок яксон кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп