Май 17, 2021 14:56 Asia/Dushanbe
  • Қарантинаи саросарӣ дар нимаи моҳи мубораки Рамазон дар Туркия бо интиқоди шадиди мардуми ин кишвар рӯ ба рӯ шуд
    Қарантинаи саросарӣ дар нимаи моҳи мубораки Рамазон дар Туркия бо интиқоди шадиди мардуми ин кишвар рӯ ба рӯ шуд

Корбарони туркияӣ дар фазои иҷтимоӣ бо ҳаштаги “Ҳалол намекунам” Эрдуғон ва давлати ӯро ба боди интиқод гирифтанд.

Ба нақл аз Исно, карантини саросарии ахир дар Туркия бисёре аз касбу корҳоро бо хисоратҳои ҷуброннопазире рӯ ба рӯ карда ва нуки пайкони интиқодот ба вазъияти мавҷуд низ ба сӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғони раисҷумҳур аст.

Эрдуғон дар суханронии худ барои эъломи поёни карантини саросарӣ дар Туркия, ки аз 29 апрел то 17 май иҷро шуд, зимни баёни дастовардҳои муваффақиятомези карантин аз касоне, ки дар ин давра бо мушкилоти молӣ даргир шуданд, ҳалолият хост, аммо пас аз суханронии ӯ ҳаштаги “Ҳалол намекунам” аз марзи ним миллион гузашт ва тренд шуд.

Бисёре аз корбарони фазои иҷтимоӣ аз Эрдуғон хоста буданд, бо сандуқи раъй худоҳофизӣ кунад, то ӯро ҳалол кунанд.

Бар асоси бахшномаҳои давлати Эрдуғон, супермаркетҳо дар даврони карантин танҳо иҷозаи фурӯши ақломи заруриро доштанд ва камбуди лавозими беҳдоштӣ дар ин кишвар бо вуҷуди афзоиши молиётҳои эъломшуда низ мавҷе аз эътирозотро ба дунбол дошт.

Ҳамчунин таътилии мадрасаҳо, сахтгирӣ барои вуруди гардишгарон дар канори таваррум ва фалаҷ шудани саноеи даромадзои Туркия боиси зарари ҳангуфти бархе машоғил шуд.

Норизоятӣ аз амалкарди Эрдуғон дар Туркия дар даврони корона дар ҳолест, ки замзамаҳои ҳузури ӯ дар интихоботи соли 2023 ин кишвар ба гуш мерасад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп