Май 20, 2021 22:26 Asia/Dushanbe
  • Сидней Мизел
    Сидней Мизел

Амрико барои ёфтани шаҳрванди худ дар Афғонистон 5 миллион доллар ҷоиза таъин кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати  умури хориҷаи Амрико эълом кард: Ба иттилооте ки мунҷар ба ёфтани Сидней Мизел бо унвони имдодгари нопадидшуда дар Афғонистон шавад, 5 миллион доллар ҷоиза пардохт хоҳад кард .

  Бахши амнияти дипломатии вазорати  умури хориҷаи Амрико дар вебсайти худ эълом кард, ки ин подош аз тариқи дафтари подоши адолати вазорати хориҷаи Амрико барои ёфтани Мизел пардохт хоҳад шуд .

Мизел-корманди созмони ғайридавлатии Амрико ба ҳамроҳи ронандаи худ тавассути афроди мусаллаҳи ношинос дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон рабуда шуд . Вай эҳтимолан дар соли 2008 тавассути рабояндагон кушта ва дар атрофи Қандаҳор ба хок супурда шуда бошад .

Вай дар замони нопадид шудан дар донишгоҳи Қандаҳор забони англисӣ ва гулдӯзӣ ба духтарон тадрис мекард ва ба занони афғон кумак мекард то бо корофаринӣ даромадзоӣ кунанд .

Вай се сол дар Қандаҳор зиндагӣ карда буд ва ба забони паштун равон суҳбат мекард .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп