Барафрошта шудани парчами Фаластин ва Эрон дар Лондон
Ҳомиёни Фаластин дар Лондон бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми Фаластин ва маҳкумияти ҳамлаҳои режими исроил ба Борикаи Ғазза, парчамҳои Фаластин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро баланд бардоштанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳомиёни Фаластин дар Лондон бо ҳамли парчамҳои меҳвари муқовимат ва бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми Фаластин тазоҳурот барпо карданд.
Тазоҳуркунандагон ҳамчунин порчаи навиштаҳое бо мазмуни "Фаластинро озод кунед" ва "барои ҳамеша ҳамла ба Ғаззаро мутаваққиф кунед" дар даст доштанд.
Фарёди ҳамбастагӣ бо мардуми мазлуми Фаластин бо вуҷуди эъломи мухолифати мақомоти бархе кишварҳои аврупоӣ ҳамчунон дар ин кишварҳо тадовум ёфтааст.
Низомиёни ишғолгари саҳюнист аз 10 май ҳамалот ва таҷовузҳои ваҳшиёна алайҳи Борикаи Ғазза ва фаластиниҳоро оғоз карданд, ки бар асари ин ҳамалот, 248 фаластинӣ, аз ҷумла 69 кӯдак, 39 зан ва 17 солхӯрда ба шаҳодат расида ва 1910 нафар низ захмӣ шуданд.
Иқдомоти режими саҳюнистӣ барои тахриб ва ишғоли маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ дар бахши шарқии Қудси ишғолшуда, мӯҷиби оғози даври ҷадиде аз даргириҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ ва идомаи ин даргириҳо мунҷар ба эътирозоти ҷаҳонӣ ба ҷиноёти саҳюнистҳо шудааст. Муқовимати Фаластин низ дар посух ба таҷовузҳои саҳюнистҳо ва ҳамалот ба Ғазза, иқдом ба мушакборони сарзаминҳои ишғолӣ кардааст.
Бештар бихонед: