Афзоиши дархостҳо барои бекор кардани мусобиқоти Олимпиадаи Токио
(last modified Wed, 26 May 2021 10:56:20 GMT )
Май 26, 2021 15:56 Asia/Dushanbe
  • Тарафдорони бекор кардани Олимпиада мегӯянд, ки баргузории Олимпиада ба системаи тандурустии Ҷопон фишори зиёд меорад
    Тарафдорони бекор кардани Олимпиада мегӯянд, ки баргузории Олимпиада ба системаи тандурустии Ҷопон фишори зиёд меорад

Шарики расмии Олимпиадаи Токио низ талаб кард, ки мусобиқа бекор карда шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ройтерз, Асахи Шимбун, шарики расмии Олимпиадаи Токио, бо ишора ба нигарониҳои амнияти ҷамъиятӣ ва фишор болои системаи тандурустии Ҷопон дар шароити густариши вируси  корона даъват кард, ки Бозиҳои Олимпӣ бекор карда шаванд.

Асахи Шимбун дар як мақола аз сарвазири Ҷопон Ёсихиде Суга хоҳиш кардааст, ки вазъро оромона ва воқеъбинона арзёбӣ кунад ва дар бораи бекор кардани чорабинии тобистонаи оянда қарор қабул кунад.

Ин рақобатҳо, ки қарор буд соли 2020 баргузор шавад ба далели ҳамагирии корона ба таъвиқ афтод.

Мақсади баргузории мусобиқоти Олимпиадаи Токио дар тобистони имсол (аз 23 июл то 8 август) эътирозоти дохилӣ ва байналмилалии густардае ба дунбол доштааст.

 

Бештар бихонед: