Шикояти Эрдуғон аз раиси ташкилоти ҳизби Ҷумҳурии Халқии Туркия
Раиси Ҷумҳурии Туркия аз Раиси ташкилоти Ҳизби Ҷумҳурии Халқӣ дар Истамбул Ҷонон Кафтанчиуғлу ба додгоҳ шикоят кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интерентии TRT Туркия, Аҳмад Авзал вакили Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба намояндагӣ аз Раиси Ҷумҳурии Туркия додхостеро ба додгоҳ тақдим кард.
Дар ин додхост таъкид шудааст суханони раиси ташкилоти Ҳизби Ҷумҳурии Халқӣ дар Истанбул Ҷонон Кафтанчиуғлу алайҳи Эрдуғонро наметавон дар чорчӯби озодии баён донист.
Кафтанчиуғлу ахиран Эрдуғонро касе хонда буд, ки унвони раёсати ҷумҳурии Туркияро ишғол кардааст.
Вакили Эрдуғон дар додхости худ аз додгоҳ хостааст Кафтанчиуғлуро ба пардохти 500 ҳазор лира ҷуброн ба раисҷумҳур маҳкум кунад.
Дар додхости вакили Эрдуғон таъкид шудааст, ки вай бо касби овоз беш аз 50 дарсади овози мардуми Туркия ба раёсати ҷумҳурӣ интихоб шуда ва Кафтанчиуғлу бо суханони худ ҳуқуқи фардии Эрдуғонро поймол кардааст.
Бештар бихонед: