Ифтитоҳи расмии сафорати Иморот дар Тел-Авив
Манобеи ибризабон дар Исроил, аз ифтитоҳи расмии сафорати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Тел-Авив хабар доданд.
Ба гузориши рӯзномаи “Ядиут Оҳорунут”, бо барафрошта шудани парчами Иморот дар канори парчами режими саҳюнистӣ, сафорати Абу Даби дар Тел-Авив рӯзи якшанбе расман оғоз ба кор кард.
Дафтари сафорати Иморот дар сохтмони биржаи Тел-Авив, ки мизбони чандин ширкати фанноварии Исроил аст, воқеъ шудааст.
Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад Алхавоҷа, сафири Иморот аз аввали марти 2021 дар сарзаминҳои ишғолӣ мустақар шудааст. Вай, ки пеш аз ин бо чандин вазири саҳюнист дидор карда буд, рӯзи якшанбе низ бо Ю Галант, вазири омӯзиши кобинаи Тел-Авив дидор ва гуфтугу кард.
Иморот аз ҷумлаи кишварҳои арабист, ки алорақми мухолифатҳои афкори умумии ҷаҳони араб ва бо зери по гузоштани ҳуқуқи фаластиниҳо, иқдом ба барқарории равобити расмӣ бо режими саҳюнистӣ кард.
Маросими имзои тавофуқномаи оддисозии равобити миёни Имороту режими саҳюнистӣ дар 15 сентябри соли 2020 ва ба мизбонии Кохи Сафед баргузор шуд. Ба муҷиби ин тавофуқ, Иморот мутааҳҳид ба барқарории равобити дипломатӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ шуд.
Бештар бихонед:
-
Интиқоди уламои исломӣ аз оддисозии равобити Иморот ва Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ
-
Ҳадяи 10 миллиарддолларии Иморот ба режими саҳюнистӣ