Май 31, 2021 14:31 Asia/Dushanbe

Тӯлонӣ будани рӯзҳо дар авохири фасли баҳор ва фасли тобистон (беш аз 20 соат дар рӯз) ва вуҷуди падидаи шабҳои равшан, хобиданро барои миллионҳо нафар аз мардуми бахшҳои шимолии Русия ва Финляндия бисёр душвор кардааст.

Ба гузориши Алиризо Нодирӣ, хабарнигори сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо аз Санкт-Петербург, падидаи шабҳои сафед шаҳри Санкт-Петербургро ба яке аз ҷаззобтарин манотиқи туристии ҷаҳон табдил кардааст, аммо ин падидаи нодир ба иллати бисёр тӯлонӣ бӯдани рӯзҳо ва дурахшиши мудовими хуршед, бар саломатии миллионҳо нафар сокинони ин шаҳр ва дигар манотиқи шимолии кореяи замин таъсири номатлубе мегузорад.

Гормони мелатонин чархаи хобу бедориро дар бадан танзим мекунад. Синтези комили мелатонин дар бадан ба мизони нури утоқ дар шаб бастагӣ дорад. Дурахшиш беш аз ҳадди нури офтоб дар сафедрӯзҳои бепоёни сарзаминҳои шимолӣ боиси коҳиши тавлиди гормони мелатонин шуда ва хобро аз чашмон мерубояд.

Ба гуфтаи пизишкон, барои доштани хоби кофӣ дар шабҳои сафед беҳтар аст, як соат қабл аз хоб телевизион ва компютер хомуш шаванд. Душ гирифтан қабл аз хоби ва хобидан дар утоқе бо ҳавои тоза ва хунак низ ба хуб хобидан бисёр кумак мекунад.

Донистаниҳои илмии бештарро инҷо бихонед.

 

 

 

Барчасп