Вокуниши заифи Фаронса ба ҷосусии Амрико аз сарони Аврупо
Давлати Фаронса ба ҷосусии Амрико аз сарони Аврупо вокуниши заифе нишон дод.
Давлати Фаронса имрӯз, душанбе дар вокуниш ба гузоришҳо дар бораи ҷосусии Ожонси амнияти миллии Амрико аз сарони Аврупо бо кумаки Хадамоти ҷосусии Дания, ин масъаларо сирфан бисёр ҷиддӣ хонд.
Як расонаи олмонӣ якшанбешаб гузориш дод, ки Хадамоти ҷосусии Дания ба Ожонси амнияти миллии Амрико барои ҷосусӣ аз сарони Аврупо, аз ҷумла Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франк Валтерштейн Майер, раиси ҷумҳурии ин кишвар кумак кардааст.
Бар асоси гузориши шабакаи хабарии “Дойче Велле”-и Олмон, ифшои ҷосусии Амрико аз муттаҳидони худ барои аввалин бор дар соли 2013 ошкор шуд, аммо акнун рӯзноманигорон ба гузоришҳое бо ҷузъиёти бештаре дастрасӣ пайдо кардаанд.
Тибқи як гузориши ҷадид, Амрико аз номзади садорати вақти ҳизби сотсиалисти чапи миёнаи Олмон (SPD) низ ҷосусӣ кардааст.
Давлати Дания ва Хадамоти ҷосусии ин кишвар то кунун вокунише ба ин гузориш нишон надодаанд.
Бештар бихонед:
- Ҷосусии давлати Амрико аз телефони ҳамроҳи мусулмонони амрикоӣ
- Боздошти чаҳор нафар дар Туркия ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Фаронса