Октябр 27, 2016 19:45 Asia/Dushanbe

Филми "Муҳаммад Расулуллоҳ (с)", маҳсули синамои Эрон сар аз фардо, ҷумъа, ҳамзамон дар 300 синамои Туркия намоиш дода мешавад.

Филми "Муҳаммад Расулуллоҳ (с)", сохтаи Маҷиди Маҷидӣ, коргардони саршиноси эронӣ шаби чаҳоршанбе мавриди истиқболи бисёре аз шахсиятҳои фарҳангию мазҳабӣ ва даҳҳо бозигару коргардони саршиноси Туркия дар яке аз марказҳои фарҳангии Истамбул қарор гирифт. Ин филм бо тарҷумаи туркии истанбулӣ ва зернависи англисӣ ба намоиш хоҳад даромад.

Бисёре аз шабакаҳои телевизионии Туркия маросими ифтитоҳияи намоиши ин филми эрониро пӯшиш доданд ва таблиғоти ин филм бо забони туркӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздиди бисёр доштааст.