Веблоги Трамп баста шуд
Веблоги Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико бо гузашти танҳо як моҳ аз роҳандозӣ, аз дастраси ӯ хориҷ шудааст.
Ба гузориши ИРНА, Ҷейсон Миллер, мушовири аршади Трамп бомдоди панҷшанбе ба шабакаи “СНБС” гуфт: «веблоги раиси ҷумҳури собиқи Амрико ба таври доим баста шуд.»
Милер дар идома афзуд: «сафҳа "аз мизи Доналд Ҷ. Трамп" аз вебсайт пок шудааст ва боз нахоҳад гашт.»
Веблоги Трамп дар ҳоле баста мешавад, ки вай баъд аз таҳрим ва мамнуъ шудан аз ҳар гуна фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо аз тариқи он метавонист баёнияҳо ва иттилоърасониҳои худро анҷом диҳад.
Ба гуфтаи коршиносони ҳавзаи “IT”, яке аз далоили баста шудани веблоги Трамп истиқбол накардани ҳомиёни вай аз ин сафҳа буд.
Трамп, ки замоне наздик ба 88 миллион пайрав (follower) дар “Твиттер” дошт ва паёмҳояшро миллионҳо нафар медиданд ва бознашр медоданд ҳам акнӯн бо таҳрими шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуда ва дар ҳоли ҳозир ҳеч сафҳае барои иттилоърасонӣ ба тарафдоронаш надорад.
Бештар бихонед: